Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд воридоти Инҷилро иҷозат намедиҳад


Хабаргузории Форум 18 мегӯяд, додгоҳи Узбакистон Наталя Питиримова, ҳисобдори Ҷамъияти Инҷили ин кишварро дар ғайбаш бо ҷурми нақзи қавоиди воридоти китобҳои мазҳабӣ дар солҳои 2008 ва 2010 ҷарима бастааст. Бо ҳукми қозӣ Дилшод Сулаймонов, Ҷамъияти Инҷили Узбакистон ҳамчунин муваззаф шудааст, то 15 000 адад китобҳои Инҷил ва Инҷили кӯдаконаро аз ҳисоби худаш ба Русия баргардонад. Кумитаи давлатии дини Узбакистон бо вуҷуди дархостҳои мукаррари созмонҳои масеҳӣ ба ворид кардани ин китобҳо иҷозат надод. Мақомоти вазорати адлияи Узбакистон гуфтаанд, зарурат ба ворид кардани китобҳои Инҷил вуҷуд надорад, чунки нусхаҳои электронии онро метавон дар Интернет пайдо кард.
XS
SM
MD
LG