Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаромӯз Амонбеков 3 сол ҳукми зиндон гирифт


Додгоҳи вилояти Бадахшон сокини 27-солаи Хоруғ Фаромӯз Амонбековро ба 3 соли зиндон маҳкум кард. «Азия Плюс», ношири ин хабар, аз қавли бародари маҳкум Фирӯз Амонбеков хабар дод, ки додгоҳ Фаромӯзро дар ҳифзи силоҳ ва латукӯби як афсари артиш муҷрим шинохтааст. Боздошти Фаромӯз Амонбеков дар тобистони соли гузашта боиси тазоҳуроти эътирозие дар Хоруғ шуд ва мақомот маҷбур шуданд, ки ӯро аз боздоштгоҳи Душанбе ба Хоруғ пас биоранд.
XS
SM
MD
LG