Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи мултфилмҳои масеҳӣ дар Хоруғ


Мақомоти Кумитаи дин дар вилояти Бадахшон аз бозори шаҳри Хоруғ 20 диски як мултфилми ба забони шуғнонӣ баргардоншударо бо ҷурми вуҷуди «нишонаҳои таблиғи мазоҳиби ғайр» мусодира кардаанд. Бино ба гузориши ББС, ин филм дар бораи зиндагии Исои Масеҳ будааст.
Хусрав Рақамов, як намояндаи ҳукумати Бадахшон дар умури мазҳабӣ ба ин шабакаи бритониёӣ гуфтааст, ки дар ин авохир фаъолияти мубаллиғони динҳои ғайр дар ин минтақа рӯ ба густариш овардааст ва онҳо баргузории рейдҳо ба манзури кашфу мусодираи чунин дискҳоро идома хоҳанд дод.

Видеоҳои охирин

Рустами Эмомалӣ ба корхонадорон: "Ё ба кор андозед, ё мусодира мекунем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG