Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд имрӯз боз шуд


Ҳаракати нақлиёт дар қисмати Майхӯраи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз субҳи ҷумъа барқарор шуд. Ин шоҳроҳ ба далели зери тарма мондани километри 60-умаш аз 11 феврал ба ин сӯ масдуд шуда буд. Дӯстмурод Забиров, сухангӯи Кумитаи ҳолоти фавқулодда ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз ба ҳаракати нақлиёт танҳо аз самти Хуҷанд иҷозат шудааст ва қарор аст, ба ҳаракати нақлиёт аз сӯи Душанбе низ рӯзи шанбе иҷозат шавад.
Баста шудани танҳо шоҳроҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон боиси таҷаммӯъи беш аз 200 мошин танҳо дар дарвозаи Ҳушёрии ин масири пулакӣ шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро аз 1 апрели соли гузашта пулакӣ кард.
XS
SM
MD
LG