Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли мухолифини Белорус ба зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Ҷумҳурии Белорус, яке аз фаъолони мухолифини давлатро барои ширкат дар тазоҳуротҳои моҳи декабр ба чаҳор соли зиндон маҳкум кард. Василий Парфенкови 27-сола аз миёни 30 нафар тазоҳургарони боздоштшуда аввалин нафарест, ки ҳукмаш содир мешавад. Рӯзи 19 декабри соли гузашта садҳо нафар дар шаҳри Минск алайҳи интихоби Александр Лукашенко ба мақоми раиси ҷумҳур эътироз карданд. Дар миёни боздоштшудаҳо чаҳор нафар номзади мухолифин ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ ҳастанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ҳукми додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонданд. Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳам ҳукми додгоҳро “як амалкарди манфии дигари” режими Белорус хонд.
XS
SM
MD
LG