Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Баҳрайн артиш контролро ба даст гирифтааст


Артиши Баҳрайн мегӯяд, имрӯз назорат бар қисматҳои аслии пойтахти ин кишварро ба даст даровардааст, то аз тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо пешгирӣ кунанд. Баъд аз тирандозӣ ва паррондани гази ашковар ба сӯи тазоҳуркунандагон чунин эъломия аз телевизиони давлатӣ қироат шуд. Дастикам ду нафар кушта, 150 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Обид Халил-раҳбари ҳизби Вефақ-гурӯҳи аслии шиаҳои мухолиф амалиёти нируҳои амниятӣ бар зидди муътаризонро “терроризм” арзёбӣ кард:

“Ба мо зарур аст, ки ин вазъи хатарборро баррасӣ кунем, то тасмими дуруст бигирем. Он чӣ имрӯз рух дод, “терроризм”-и воқеист”.

Аз рӯзи сешанбе ба ин сӯ ҳазорон нафар, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд, дар майдони Луълу гирдиҳам омадаанд. Аз оғози ин тазоҳурот то ҳол 4 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG