Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Либия хостанд ба ҳарфи мардумаш гӯш диҳад


Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Авфи Байналмилал аз ҳукумати Либия хост, “ба саркӯбии тазоҳуроти мусолиматомези фаъолони сиёсӣ хотима диҳад”. Малком Смарт, мудири дафтари Ховари Миёна ва Шимоли Африқо дар Авфи Байналмилал, гуфт, мақомоти Либия набояд монеъи тазоҳуроти осоишта шаванд ва онҳоро бо саркӯбии бераҳмона буғӣ накунанд.” Дар даргириҳои рӯзи сешанбе ва чаҳоршанбе дар шаҳри Бенғозии Либия 38 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Катрин Эштон, маъсули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ аз Либия хост, ба ҳарфи тазоҳургарон гӯш бидиҳад ва аз истифодаи зӯр алайҳи онҳо парҳез кунад. Майа Косианич, сухангӯи ӯ гуфт:“Мо аз мақомоти Либия даъват мекунем, ба садои мардуми тазоҳургар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гӯш кунад ва мехоҳем аз аъмоли хушунатбор парҳез шаванд". Фаъолони сиёсии Либия, аз мардум даъват кардаанд, дар “Рӯзи хашм” ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ бароянд. Муаммар Қазофӣ, чиҳил сол аст, ки раҳбари Либиёст.
XS
SM
MD
LG