Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинони як рустои Озарбойҷон аз шароити бад


Садҳо тан аз сокинони рустои Нардарон воқеъ дар наздикии шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон, бо раҳпаймоӣ аз набуди нерӯи барқу газ эътироз карданд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, эътирозгарон гуфтаанд, агар талаби онҳо барои таъмини муносиби газу барқ иҷро нашавад, ҳар рӯзи ҷумъа тазоҳурот хоҳанд кард. Озарбойҷон яке аз содиркунандаҳои бузурги нафту газ аст. Дар баробари норозигӣ аз шароити иҷтимоӣ ин эътирозгарон аз интихоботҳои гузаштаи тақаллубӣ шикоят кардаанд. Рустои Нардарон бо 8 ҳазор аҳолӣ дар 25 километрии шимолушарқи Боку ҷойгир шудааст.
XS
SM
MD
LG