Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши кӯмакҳои ИМА ба Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар Душанбе
Сафорати Амрико дар Душанбе

Маъмурияти Барак Обама, дар қабули буҷаи соли оянда, масъалаи кӯмак ба Тоҷикистонро дар авлавият қарор додааст.

Дар пешниҳоди давлати Амрико ба конгресс зикр шудааст, ки ин кӯмак ба суботи Тоҷикистон хоса, бо назардошти нақши муассири Тоҷикистон дар мусоидат ба ҳузури Амрико дар Афғонистон расонида мешавад.

Кӯмаки мазкур дар ҳудуди 39 миллион доллари амрикоӣ барои таҳкими амният, тақвияти марзҳо, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, мубориза алайҳи тундгароӣ ва ислоҳи бахши маориф ва сиҳат масраф хоҳад шуд. Ин кӯмакҳо ҳамчунин барои ҳалли мушкили систематики камбуди маводи ғизоӣ ва бахшҳое, ки амнияти Тоҷикистонро ба хатар мувоҷеҳ мекунанд, бахшида мешавад. Чунин кӯмакҳоеро дар ҳудуди бештар аз 40 миллион доллар Амркио барои кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ ихтисос хоҳад дод.

Масъалаи кӯмак барои таҳкими амният дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сӯи Амрико дар ҳоле матраҳ шудааст, зимни сафари ахири дабири кулли СПАД Николай Бордюжа ба Қирғизистон низ аз имкони ташаннуҷи авзоъ
Пойгоҳи "Манас"
изҳори нигаронӣ сурат гирифтааст.

Дабири кулли созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ гуфтааст, аъзои ин созмон бояд дар масъалаи таъмини амният дар минтақа бо назардошти таҳаввулоти соли гузашта ба мавқеъгирии муштарак даст ёбанд. Ҳамчунин Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон низ гуфтааст, ки нигарони ташаннуҷи авзоъ дар баҳори имсол ҳаст ва ба тақвияти марзҳояш бо Тоҷикистон ниёз дорад.

Аммо чаро нигарониҳои СПАД ё Русия ва Амрико аз ноҳияи амнити минтақа ҳамзамон садо медиҳад? Ин иттифоқ тасодуф аст ё қонунмандӣ ва барномаи муштараки мубориза бо чолишҳои амниятӣ?

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ феълан Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Амрико ва Русия ба манзури таъмини амният дар ҳоли ҳозир манфиатдор аст. Ӯ мегӯяд: «Ман фикр мекунам, ки ҳам кӯмаки Русия ва ҳам Амрико барои мо лозим аст. Амният мафҳуми васеъ аст. Агар онҳо аз назари рушди ҷомеъаи маданӣ кунамк кунанд, аз назари рушди иқтисодӣ кӯмак ин метавонад барои коҳиши хатарҳо ва таҳдидҳое, ки дар зери таъсири кишварҳои арабӣ ба Осиёи Марказӣ расида истодааст, муҳим воқеъ шавад. Чунки рушди кунди иқтисодӣ ва болоравии нархҳо метавонад ба амнияти мо таҳдид кунад».

Давлат Усмон, коршиноси тоҷик ва аз раҳбарони мухолифини мусаллаҳи собиқ мегӯяд, нигаронии Амрико барои таъмини амнияти пойгоҳи худ дар Қирғизистон ва инчунин роҳҳои икмолотии худ ба Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон ва Қирғизистон як нигаронии ба маврид аст. Ӯ мегӯяд: «Ҳамаи ин масъала бар мегардад ба пойгоҳи Манас. Амрико ба хотири таъмини роҳҳои икмолотии худ тавасссути Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон кӯмакҳои худ ба ин кишварҳоро афзоиш додааст. Аммо ишораи Бордюжа ба масъалаи таҳдидҳои амниятӣ аз ноҳияи ҲИУ аз Афғонистон ба марзҳои мо вобаста мебошад. Чизе, ки Амрико дар
Давлат Усмон
масъалаи таъмини амнияти роҳҳои икмолотӣ мегӯяд, як чизи реалӣ аст, аммо чизе Бордюжа мегӯяд, то ҷое воқеъият ҳам бошад то ҷои дигар воҳимаафканӣ низ аст. Таҳдид аз Афғонистон то ҷое вуҷуд дорад, аммо на ба он ҳадде, ки воҳида мешавад».


Ба гуфтаи таҳлилгарон, нерӯҳои мавҷуд дар пушти саҳна, ки бархе аз онҳо дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Тоҷикистон аз соли гузашта то кунун нобуд шуданд, тавони ба ҳам задани амнияти минтақаро надоранд. Аммо то ҷое метавонанд дар роҳи субот ва рушди барномаҳои иҷтимоӣ мушкил эҷод кунанд.

Илҳом Назриев, коршиноси масоили амнияти минтақа мегӯяд, ки бештар аз вуҷуди ин гурӯҳҳои тундгаро барои амнияти минтақа дар оянда фақр, фасод, адами рушди иқтисодии кишварҳо ва номуваффақии ҳукуматҳои минтақа таҳдид мекунад. Оқои Назриев мегӯяд: «Хатари гурӯҳҳои исломгаро ва тундгаро ва ин хабарҳое, ки мегӯянд инҳоро мисли пуфак пуф накунанд, балки бештар ба мушкилоти иҷтисодӣ ва иҷтимоии мардум расидагӣ намоянд. Вақте ки хатари иҷтимоӣ ва иҷтисодӣ бо он хатарҳое, ки гуфта мешавад, ҳамроҳ шавад, ин барои давлату давлатдорон он гоҳ воқеъан хатар дорад ва таҳдид мекунад».

Нигаронӣ аз эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ дар минтақа дар баҳори имсол дар ҳоле садо медиҳад, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон то поёни мантиқии худ нарасидааст. Ин амалиёт аз 19-уми сентябр ба думболи ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорати дифоъ ва кушта шудани 25 сарбоз оғоз шуда буд. То кунун яке аз раҳбарони ин гурӯҳ бо тахаллуси Алии Бедакӣ боздошт ва кушта шудааст. Аммо Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, ки ба боварӣ ҳукумат раҳбари умумии иттифоқоти шарқи кишвар аст, бо ҷамъе аз ҳамроҳони худ ҳанӯз нопайдост. Ва ӯро мақомот чолиши аслӣ дар рӯбарӯи суботи минтақаи шарқи Тоҷикистон медонанд.
XS
SM
MD
LG