Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Си Би Эс дар Қоҳира азият шудааст


Шабакаи телевизионии Си Би Эси Амрико гуфт, Лара Логан, хабарнигори ин телевизион, ҳангоми наворбардории таҷлили истеъфои Ҳуснӣ Муборак дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира мавриди латукӯб ва озори ҷинсӣ қарор гирифтааст. Си Би Эс гуфт, Лара Логан ҳангоми наворбардорӣ бо ҳамкоронаш дар иҳотаи издиҳоми 200 нафарие қарор гирифт, ки девонавор ӯро ба як тараф кашиданд ва латукӯб карда, озори ҷинсиаш доданд. Баъди дахолати гурӯҳи занон ва 20 сарбози мисрӣ ӯро раҳо кардаанд. Лара Логан рӯзи баъд ба Амрико баргаштааст ва ҳоло дар шифохона табобат мегирад.
XS
SM
MD
LG