Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Обама ба раҳбарони худкомаи Ховари Миёна


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ҳукуматҳо дар саросари Ховари Миёна бояд ба хостаҳои мардуми худ барои тағйир амал кунанд ва барои онҳо фурсатҳои бузургтареро муҳаё кунанд. Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Вашингтон гуфт: “Мо ҳатто пеш аз тазоҳурот дар Миср ҳам ба дӯст ва ҳам ба душман паём фиристодем, ки ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст. Шумо насли ҷавон ва пуртаровате дар Ховари Миёна доред, ки ба думболи имконоти бузургтаре ҳастанд, шумо бояд дархости ин онҳоро барои тағйир пешбинӣ кунед, наметавонед аз маҷро ақиб биафтед." Ӯ гуфт, бо паҳн шудани тазоҳурот дар Эрон, Баҳрайн, Яман ва кишварҳои дигар, Амрико аз амният дар минтақа нигарон аст. Барак Обама, давлати Эронро барои бархӯрди хушунатомез бо тазоҳургарон интиқод кард.
XS
SM
MD
LG