Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабгори мақоми раиси ҷумҳури Қазоқистон 2 гирифт


Қанот Есҷанов, як сокини бекори шаҳри Остона, ки орзуи раиси ҷумҳур шуданро дар сар мепарварид, баъди нокомӣ дар имтиҳони забони давлатӣ зоҳиран ба ин орзуяш нахоҳад расид. Муртазо Жолдасбеков, раиси кумиссиёни забон гуфт, Қанот Есҷанов дар имтиҳони забони расмӣ, ки барои сабти ном дар интихобот ҳатмист, 36 хато кард ва аз ҷумла натавонист, номи Абай Қунанбой Улӣ, адиби бузурги қазоқ дар қарни 19-ро дуруст таллафуз кунад. Ба гуфтаи раиси имтиҳон, Қанот Есҷанов ҳамчунин ба ҷойи 15 дақиқа сӯҳбат бо забони софи қазоқӣ доир ба дастовардҳои варзишгарони қазоқ, тавонист танҳо шаш дақиқа сӯҳбат кунад ва онҳам бо забони омехта бо русӣ.
XS
SM
MD
LG