Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Финанс": Миллиардерҳо меафзоянд, миллиардҳо на


Владимир Лисин дар феҳрасти имсолаи маҷаллаи "Финанс" унвони "Бойтарин марди Русия"-ро соҳиб шудааст
Владимир Лисин дар феҳрасти имсолаи маҷаллаи "Финанс" унвони "Бойтарин марди Русия"-ро соҳиб шудааст

Маҷаллаи “Финанс”, чопи Маскав, феҳрасти солонаи 500 нафари бойтарини Русияро нашр кард.

Ин феҳраст ҳокист, ки бо вуҷуди бӯҳрони саросарии молӣ шумори миллиардерҳо дар Русия пайваста дар ҳоли афзоиш будааст.

Вале дар ҳоле ки ҷамъи миллиардерҳо меафзояд, ҳаҷми умумии дороии онҳо дар ду соли охир баръакс коҳиш ёфтааст.

Аз Владимир Лисин то Алишер Усмонов

Унвони “бойтарин марди Русия”-ро дар феҳрасти имсолаи маҷаллаи “Финанс” боз ҳам Владимир Лисин, молики 55-солаи корхонаи металлургии Новолипетск ҳифз кардааст. Ба ҳисоби ин маҷалла, дороии Лисин дар соли 2010 беш аз 9 миллиард доллари дигар афзуда, болиғ аз 28 миллиард доллар шудааст.
Дороии Владимир Лисин, бойтарин марди Русия, дар як соли охир беш аз 9 миллиард доллар боло рафтааст. 5 маротиба бештар аз тамоми он пуле, ки 1 миллион муҳоҷири тоҷик соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаанд...


Дар мақоми дуввум имсол низ бо 22,7 миллиард доллар Михаил Прохоров, молики гурӯҳи моливу саноатии “Онексим” ҷой гирифтааст, ки акнун дар садади шурӯи тавлиди мошинҳои ҷадиде бо номи шартии “Ё-мобил “ ҳам мебошад.

Аммо миллиардери зодаи Узбакистон Алишер Усмонов имсол дар раддабандии “Финанс” 4 зина боло рафта, бо зери 20 миллиард доллар дороӣ дар мақоми севвум аст.

Маҷалла харидории ширкати мобилии “Мегафон”-ро, ки дар бозори телефонҳои ҳамроҳи Русия “Вимпелком” ва “Билайн”-ашро дар мақоми дуввум танг кард, аз муваффақиятҳои тиҷории Усмонов дар соли гузашта ба қалам медиҳад.

Ба навиштаи “Финанс”, ҷамъи дороиҳои Алишер Усмонов дар ин як соли охир 6,5 миллиард доллар афзудааст. Усмонов дар мақоми севвум Роман Абрамович, ангуштнамотарин миллиардери русро танг кард.

Алишер Усмонов
Абрамович ба фарқ аз ҳамкисаҳояш дар “маҳфили миллиардерҳо” соли гузашта ба 17 миллиард доллар дороии қаблии худ ҳамагӣ 100 миллион доллар афзуда, аз Олег Дерипаска, молики ширкати РусАл ва домоди домоди президенти собиқи Русия Борис Елтсин низ ақиб мемонад.

Ҳамсабақи Путин дар роҳ ба қуллаи сарват


Расонаҳо дар сабқати миллиардерҳои рус ба комёбиҳои бахусус сармоядорони наздик ба Кремл дар ин шароити бӯҳронӣ таъкид мекунанд.

Аз ҷумла, аз Аркадий Ротенберг, ҳамсабақи собиқи сарвазири Русия Владимир Путин дар дарсҳои гуштии дзюдо мисол меоранд, ки бо шарофати ба ширкати “Строймонтаж”-и ӯ ихтисос додани бахши аъзаме аз тарҳи эҳдоси лӯлаи гази “Нордстрим”, аз муҳимтарин тарҳҳои стротежии давлати Русия, ҳаҷми дороии худро акнун ба 1,75 миллиард доллар расонда, дар сабқати миллиардерҳо дар як сол 17 зина болотар рафтааст.

Ротенберг дар овони наврасиаш ҳамроҳ бо Путин дар Санкт-Петербург дарси дзюдо меомӯхт ва акнун бо касби қарордодҳои бузурге дар сохтмонҳои олимпии Сочӣ ҳамвора ба сӯи қуллаи сарват роҳ мепаймояд.

Ҳамсари Лужков чанд зина поин фаромад


Аммо тиҷорати онҳое, ки ахиран аз лутфу марҳамати мақомоти аввали Русия маҳрум шуданд, баръакс ба шикаст дучор шудааст. Як намунаи барҷастаи чунин уфтро метавон дар сарнавишти дороиҳои Елена Батурина, ҳамсари шаҳрдори собиқи Маскав Юрий Лужков ба чашми сар дид.

Дар раддабандии имсолаи "Финанс" ҳамсари Лужков - Елена Батурина 47 зина поин омадааст
Хонум Батурина дар раддабандии имсолаи маҷаллаи “Финанс” якбора 47 зина поин рафта, дар мақоми 94-ум қарор гирифтааст. Ба ҳисоби ин маҷалла, дороии ҳамсари Лужков дар як соли охир нисф шуда, вале боз ҳам 1,1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди бӯҳрони молӣ сафи миллиардерҳо дар Русия дар соли гузашта ба 37 нафари дигар афзуда, акнун ба 114 нафар расидааст. Таи 2 соли бӯҳрон, ба ҳисоби маҷаллаи “Финанс” шумори миллиардерҳо дар Русия дар маҷмӯъ дувуним маротиба афзуд, вале ҷамъи дороии онҳо тақрибан ҳамонест, ки дар моҳи феврали 2008, ҳанӯз то бурузи бӯҳрони молӣ буд.

Тоҷикистон аз камбизоат ё аз бой?

Дар Тоҷикистон хабаргузории “Авесто” 2 сол қабл чунин рейтинги афроди сарватманд ва бонуфузи ин кишварро тартиб дода буд.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев, молики собиқи “Авесто” мегӯяд, рейтинги онҳо ба маҳзи набуди маълумоти расмӣ бештар бар пояи шоеъот сохта шуд ва баъдан вақте ки маҷаллаи “Роҳбар” ҳам ба хотири таҳияи чунин раддабандӣ ба беш аз 100 тан аз соҳибкорону мансабдорон номаи расмӣ фиристод, ки ҳаҷми дороии худро бигӯянд, ба ҷуз аз чанд нафар, бо шумули раиси вақти “Агропромбонк” бақия аз ироаи посух ба ин пурсиш худдорӣ карданд.

Ҷаноби Абдуллоев меафзояд: “Дар шароити Тоҷикистон, ки шаффофият тамоман нест ва арзиши ширкатҳоро дар биржа муайян намекунанд, маълум кардани ҳаҷми дороии афроди сарватманд ғайримумкин аст. Эҳтимолан мешавад ҳисоб кард, вале аз нигоҳи қонунӣ шуморо метавонанд ба додгоҳ бикашонанд. Дар Тоҷикистон ба хусус дар миёни мансабдорони аршад нафароне ҳанӯз хеле зиёданд, ки соҳиби саҳмияҳои бонку ширкатҳои бузург ҳастанд, вале азбаскӣ ин корхонаҳоро ба номи афроди дигар сабти ном мекунанд, исбот карданаш хеле сахт аст.”

Бо ин ҳол, дороии Владимир Лисин, бойтарин марди Русия, дар як соли охир, тавре гуфтем, беш аз 9 миллиард доллар боло рафтааст. 5 маротиба бештар аз тамоми он пуле, ки 1 миллион муҳоҷири тоҷик соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG