Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти таърихшиноси маъруф Нӯъмон Неъматов


Нӯъмон Неъматов, таърихшиноси тоҷик дар синни 84 бар асари беморӣ дар манзили худ дар Хуҷанд аз дунё даргузашт.

Донишмандону ҳамкорон, дӯстону ихлосмандон, хешону пайвандон ва шогирдони академик Неъматов бо вай дар канори Қалъаи қадимии Хуҷанд, ҷойи дӯстдошта ва макони ҳафриёт ва пажуҳишҳои илмиаш видоъ карданд.

Дар ҳалқаҳои илми таърихнигории Тоҷикистон ва хориҷ аз он академик Нӯъмон Неъматов дар радифи маъруфтарин таърихнигорони тоҷик ном бурда мешавад, ки пас аз Бобоҷон Ғафуров, муаллифи китоби “Тоҷикон” пажӯҳиш ва таҳқиқотҳои пурарзише дар таърихи гузаштаву имрӯзии ин халқ, ба хусус аҳди Сомониён анҷом додааст.

Устод Нӯъмон Неъматов бо вуҷуди серкорӣ, чанд навбат хоҳиши Радиои Озодиро пазируфта, дар бораи таърихи Қалъаи бостонии Хуҷанд сӯҳбатҳои ҷолибе карда буд.

Ҷумъабой Сангинов – нахустмуовини раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ академик – Неъматовро идомадиҳандаи кори Бобоҷон Ғафуров ва хидматҳои ӯро дар муаррифии таърихи халқи тоҷик ба тамаддуни ҷаҳонӣ бузург ва фаромӯшношуданӣ номид.

“Маҳсули пажуҳишу ковишҳои илмии устод Нуъмон Неъматов дар зиёда аз 750 китоб ва мақолаҳои илмӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумлаи ин осор китоби пурмуҳтавои “Давлати Сомониён” аст, ки саҳми арзандаи устод дар илми сомоншиносии тоҷик аст. Нӯъмон Неъматов дар кунгураву ҳамоишҳои илмии байнулмилалӣ кӯшиш мекард, саҳми миллати тоҷиконро дар ташккули тамаддуни инсонӣ таъкид созад. Вай яке аз ташаббускорони ҷашни 1110 солагии давлати Сомониён дар соли 1999 буда, бахшида ба он китоби “Хориқаи тоҷикон ” ё “Феномен таджиков” – ро таълиф кард ва симову нақши фарҳангии халқамонро дар таърихи инсоният баён намуд.”

Нӯъмон Неъматов, соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаааст. Вай доктори илми таърих, профессор ва академики Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Абдулло Мирбобоев – аз шогирдони академик Неъматов мегӯяд, муҳимтарин кори ӯ ба ҳайси таърихнигор ин аст, ки давлати Сомониён, нахустин давлати тоҷикон дар асри даҳи милодиро барои таърихомӯзон ва имрӯзиёни он сарзамини кӯҳан муаррифӣ кард. Вай афзуд, ки академик Неъматов ҳудуди 25 шогирд ҳам тарбия ва ба арсаи илм раҳнамоӣ кардааст.
Нӯъмон Неъматов баъди солҳои тӯлонии кор дар Академияи илмҳои Тоҷикистон аз соли 1995 то кунун ба ҳайси узви ифтихории Академияи
меъмории ин кишвар фаъолият мекард. Саидмаҳмад Одинаев, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар маросими видоъ аз хислатҳои инсонии академик Неъматов чунин ёдовар шуд:

«Хислати неки муаллим ин буд, ки бо ҳар кас вомехӯрд даст фишурда ҳол мепурсиданд. Як табассуми ба худ хос доштанд. Мо аз ин кас ҷавонтар будем ва дар ҳар ҷаласаву маҳфилҳо мушоҳида мекардем, ки ҳама вақт як хайрхоҳие ба ҳамкорону мардум доштанд.»

Шахсони наздик ба академик Неъматов инро ҳам мегӯянд, ки вай дар гуфтани сухани ҳақ парҳез намекард ва гоҳе онро ба лаҳни шадид ҳам баён медошт, ки боиси озурдагии хотири баъзе рафикону шогирдонаш мегашт. Аммо ҳеҷ вақт ба дил кина намегирифт ва баъд аз ором шуданаш кӯшиш мекард бо ҳазл ё мутоибаи намакине он нохуширо аз дили мухотабаш хориҷ кунад.

Атоев Атоулло, мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, хоҳарзода ва аз шогирдони академик Неъматов гуфт, ӯ дар ду соли охир аз бемориҳои мухталиф бар асари солхӯрдагӣ ранҷ мекашид ва марг амон надод ӯ рӯзи 5-уми март синни 84-ро пур кунад. Академик Неъматов баъд аз зуҳри 15- уми феврал дар гӯристони Гумбази Қошуқи Хуҷанд ба хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG