Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷе аз кишварҳои араб то Шӯравии пешин


Сиёсатшиносон таъсири эҳтимолии рӯйдодҳои Мисру Тунис ба кишварҳои Шӯравии собиқро баррасӣ мекунанд.

Саҳнаҳои таҷлил аз истеъфои раҳбари Миср, Ҳуснӣ Муборак дар майдони Таҳрир бисёриҳоро ба ёди вожгунии режимҳои коммунистӣ дар Аврупои Шарқӣ дар соли 1989 андохт. Аммо дар дохили Шӯравии пешин демократия ҳаргиз реша надавонд. Пас метавон ҳадс зад, ки оташе аз сӯхтори Тунису Миср ба ин мамолик низ фурӯ хоҳад афтод?

ПЕШГӮИҲОИ ҶАСУРОНА


Ба навиштаи рӯзномаи Financial Times, вазири умури хориҷии Лаҳистон, Радослав Сикорски, дар ин мавриди хушбин аст ва мегӯяд, ба зудӣ мардуми Беларус раҳбари худ Аляксандр Лукашенкоро сарнагун хоҳанд кард.

Раҳбари дигар, Нурсултон Назарбоев, ки аз замони Шӯравӣ ба Қазоқистон сарварӣ мекунад, ба эҳтимоли зиёд таҳти таъсири рӯйдодҳои Миср назархоҳии умумиро, ки қарор буд, ҳокимияташро то соли 2020 тамдид кунад, лағв намуд ва барои моҳи апрел интихобот эълон кард.

Дар Тоҷикистон, ба навиштаи таҳлилгар Нил Баклӣ, шиддат дар ҳафтаи гузашта дар ҳоле боло гирифт, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон интиқод кард. Он шикоят мекунад, ки “ҳукумати худкома ва фасод ҳуқуқи динӣ ва сиёсии мардумро поймол мекунад.” Ин ҳам дар ҳоле ки як фаъоли аршади ҳизб мавриди латукӯб қарор гирифт.

Суръат ва бурузи ғайриинтизори ҳаводис дар Тунис ва Миср имкон медиҳад, ҳадс зад, ки “Мавҷи арабӣ” метавонад, ба қаламрави Шӯравии пешин низ бирасад.

ШУБҲА ВА ГУМОНҲО


Аммо шубҳаи ин низ зиёд аст, ки мардуми кишварҳои Шӯравии пешин баъд аз дидани инқилобҳои “рангин” дар байни солҳои 2003 ва 2005 дигарбора ба кӯчаҳо резанд.

Аввалан, инқилобҳои “ранга” дар Украина ва Қирғизистон мероси талхе гузоштанд ва бозпас гардонда шуданд. Ҳарчанд ки баъд аз шӯриши дувум дар Қирғизистон дар соли гузашта ин кишвар демократияи порлумониро таҷриба мекунад. Пешвои “инқилоби садбаргҳо”-и Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ, барои ислоҳоташ ситоиш мешавад, аммо мухолифонаш мегӯянд, ин ислоҳот бо зудму ҷабр пиёда шудааст.

Дувум, раҳбарони худкомаи сабки шӯравӣ ғолибан маҳбубанд. Ба монанди Владимир Путини Русия, Лукашенко ва Назарбоев, ки мумкин аст, аз пуштибонии аксарият бархӯрдоранд. Албатта, ин ҳимоят аз таблиғоти густарда ва фишори хадамоти амниятӣ барои дар ҳоли заъф ва парокандагӣ нигоҳ доштани мухолифон маншаъ мегирад.

Аксари беларусиҳо эътидол, бекории кам, музд ва нафақаҳои муносиби низоми шӯравимонанди Лукашенкоро дӯст медоранд. Вале ӯ ин имкониятҳоро танҳо ба шарофати ёронаҳои бузург, молу мавод ва энержии Русия таъмин карда метавонад. Умри сиёсии Лукашенко бар замми ин аз саховатмандии Маскав бастагӣ хоҳад дошт.

Дар Қазоқистони нафтхез, Нурсултон Назарбоев яккатозиро бо маърифат омехта, эҳсосоти миллиро, ки дар гузашта хеле кам буд, ангезиш медиҳад ва бо ислоҳоти иқтисодӣ 150 миллиард доллар сармоягузории хориҷиро ҷалб кард.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, намунаи Миср ҳувайдо кард, ки хатар ногаҳон ва замоне меояд, ки вақти супурдани қудрати онҳое расидааст, ки дар орзуи сохтани сулолаи хонаводагиянд.

НАСЛИ ҶАВОН


Қавитарин шабоҳати Миср барои мусулмонони Осиёи Марказӣ ин аст, ки раҳбарони солхӯрда бо аҳолии зудафзояндаи ҷавон ва дастрасии бештар ба телевизионҳои моҳвораиву Твиттер рӯбарӯ мешаванд.

Назарбоеви 70-сола аллакай бо мушкили ворис мувоҷеҳ аст. Ташаббуси референдум зоҳиран барои ба даст овардани фурсате буд, ки тайи он интиқоли муназзами қудрат ба яке аз духтаронаш созмон дода шавад. Вале бо интихоботӣ ногаҳонӣ Назарбоев ҳамоно нафаси тозае хоҳад кашид, зеро дастикам як тасвири демкоратиро аз кишвари худ ҳифз хоҳад кард.

Дар Узбакистон, яке аз бадтарин диктатураҳои ҷаҳон, ки зери мушти президенти 73-сола Ислом Каримов азият мекашад, хотираҳои қатли оми Андиҷон дар соли 2005 ҳанӯз тозаанд ва мумкин аст, мӯътаризонро эҳтиёткор кунанд.

Ёдбудҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон низ ҳамин гуна таъсир доранд ва гузашта аз ин раисиҷумҳури ин кишвар нисбатан ҷавонтар асту 58 сол дорад.

ТАМАРКУЗ БА ИҚТИСОДИЁТ


Ва аммо Русия. Дар ин ҷо Путин ва раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ҳамоно маҳбубият доранд. Афзоиши тунди нафақа ва хароҷоти иҷтимоӣ ба ин маънист, ки буҷаи давлатӣ барои тавозун нархи 100-долларии бушкаи нафтро талаб хоҳад кард. “Дугона”-и ҳоким маҷбур аст, ба рушди бештаре аз 4 дарсади соли гузашта даст ёбад, то беҳбуди минбаъдаи шароити зиндагиро таъмин кунад.

Сарони сиёсӣ ва раҳбарони иқтисодиёти давлатӣ, ки ҳама дар якҷоягӣ "Ширкати Кремлин”-ро ташкил медиҳанд, хостори тағйири авзоъи барояшон гуворо нестанд. Майдони Таҳрир мумкин аст, онҳоро ба таҳкими ҳокимияти қонун ва модернизатсияи иқтисоди Русия водор кунад.
XS
SM
MD
LG