Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон барои Ироқу Афғонистон 118 миллиард $ хостааст


Вазорати дифоъи Амрико буҷаи вазорат барои соли молии 2012 пешниҳод карда ва барои амалиётҳои низомӣ дар Ироқу Афғонистон тақрибан 118 миллиард доллар хостааст. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико гуфт, маблағи мазкур бо назардошти ҳузури 98 250 сарбози амрико дар Афғонистон дар соли 2012 пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи ӯ дар сурати зудтар мӯътадил шудани авзоъ дар Афғонистон, нерӯҳои Амрико метавонанд, зудтар аз онҷо хориҷ кунанд ва қисме аз пулҳоро сарфаҷӯӣ кунанд. Амрико ва ҳампаймонҳояш қасд доранд, масъулияти таъмини амният дар Афғонистонро то охири соли 2014 ба ихтиёри худи нерӯҳои афғон бисупоранд.
XS
SM
MD
LG