Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигор Даминоваро "сафед" карданд


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе расидагӣ ба парвандаи Ҳуснигул Даминова-хабарнигори телевизиони давлатии Тоҷикистонро ба сабаби гирифтории вай ба бемории равонӣ қатъ кардааст. Додгоҳ тасмим гирифтааст, ки бояд Даминова аз бемории равонӣ муолиҷа гирад. Малоҳат Домуллоҷонова-додраси додгоҳ ба радиои Озодӣ гуфт:

“Вай занак ҳангоми содир намудани ҷиноят ҳаракатҳои худро дарк ва контрол карда наметавонист”.

Домуллоҷонова мегӯяд, ин тасмими додгоҳ бар асоси хулосаи муоинаи вазъи саломатии Даминова гирифта шудааст. Даминова моҳи апрели соли гузашта аз кори радио ва телевизиони давлатӣ ронда ва сипас бар зидди вай парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
XS
SM
MD
LG