Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами дигари Чин ба сӯи абарқудратӣ


Чин аз лиҳози иқтисодӣ Ҷопон ё Японияро паси сар гузошта, дар ҷаҳон дар ҷои дувум баъд аз ИМА қарор гирифт.

Ба қавли коршиносон агар суръати рушди иқтисоди Чин ба шакл идома ёбад, баъд аз 15 сол Чин аз Иёлоти Муттаҳида низ пеш хоҳад гузашт.

Бар пояи иттилое, ки рӯзи 14 феврал нашр шуд, тавлидоти нохолиси миллии Чин дар соли 2010-ум 5 трилллиону 879 миллиард долларро ташкил дод, ки дар ҷаҳон ҷои дуюм аст. Япония ва ё Ҷопон, ки то ин замон иқтисоди дуюми ҷаҳонӣ номбар мешуд, ба миқдори 5 триллиону 474 миллиард доллар тавлидот доштааст, ки нисбат ба Чин акнун 404 миллиард доллар камтар аст.

Аммо ин дар ҳолест, ки аҳолии Ҷопон ҳамагӣ 10%-и аҳолии Чинро ташкил медиҳаду агар таносуби тавлидоти нохилиси миллии ин ду кишварро бо шумораи аҳолии онон муқоиса кунем, некӯаҳволии сокинони Япония даҳ баробар беҳтар буда, соле ба сари ҳар сокини Ҷопон тахминан 40 000 доллар рост меояд.

Дабири ҳукумати Япония, Юкио Эдано, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Токио гуфт: “Мо бояд саъй кунем, ки дастовардҳоямон ва рушди кишвари ҳамсояро бо ҳадафи интиқоли дороиҳо ба наслҳои оянда истифода барем.”

Ҷопон 40 сол инҷониб иқтисоди дуюми ҷаҳон ба шумор мерафт. Аммо дар солҳои навадуми қарни гузашта, вақте бӯҳрони манзил ба вуқӯъ пайваст ва иқтисоди ҳамсоякишвари Чин ба давраи рушди босуръат оғоз намуд, Япония давраи рукуди нисбиро аз сар мегузаронад. Кӯшишҳои ҳукумати Японяи баҳри поин бурдани баҳраи қарзҳои бонкӣ ва вуруди сармоя натиҷаи дилхоҳ наовардааст.

Ибтидои моҳи феврали соли равон Сандуқи байналмилалии Пул иброз дошт, ки қарзи Япония ва касри буҷети ин кишвар бояд ба зудтарин фрусат рафъ шаванд. Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки аҳолии ин кишвар рӯ ба коҳиш аст ва шумораи мардуми нафақагири он афзоиш меёбад, ба назм даровардани низоми молӣ кори осон нахоҳад буд.

Дар ин байн иқтисоди Чин рушди босуръаташро идома дод. Дар 20 соли гузашта рушди Чин солона ба 9 % баробар буд. Тахмин меравад, ки соли 2010-ум он 10 дар садро ташкил хоҳад дод.

Ҳоло раҳбарони Чин саъй доранд, ки таваррумро зери назорат гирифта, аз сар задани ихтилофҳои иҷтимоӣ миёни мардуми камбағал ва сарватманд ҷилавгирӣ кунанд. Масъалаи дигар вобастагии бузурги иқтисоди Чин ба содирот аст. Дар ҳар сурат агар чунин раванд идома ёбад, Чин имкон дорад дар соли 2025 ба ҷои аввал баромада, ИМА низ ақиб гузорад.
XS
SM
MD
LG