Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуркунандагони Таҳрир майдонро тарк мекунанд


Ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон баъд аз муттаваққиф сохтани иҷрои Қонуни Асосии Миср ва пароканда кардани порламон аз сӯи Ҳукумати низомии ин кишвар майдони Таҳрири Қоҳираро тарк карданд. Шӯрои Олии Низомӣ мегӯяд, ки дар шаш моҳи оянда то замони баргузории интихоботи порламонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ раҳбарии Мисрро бар ӯҳда хоҳад дошт. Баъд аз 18 рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ, ки бо истеъфои Ҳуснӣ Муборак аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ анҷомид, низомиён идораи умурро дар ин кишвар ба даст гирифтаанд. Шӯрои Олии Низомӣ мегӯяд, кумиссиюни вижа ташкил медиҳад ва дар дар Қонуни Асосӣ тағирот ворид мекунад. Ин шӯро қавл додааст, ки ин тағирот дар райпурсии ҳамагонӣ қабул хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG