Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ даъвои "Азия-Плюс"-ро рад кард


Додгоҳ даъвои нашрияи "Азия-Плюс" алайҳи шикояти сардори раёсати Вазорати корҳои дохилиро рад кард.

Нусратуллои Асадулло, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, масъули парванда гуфт, ин даъво аз сӯи Марат Мамадшоев, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири "Азия-Плюс" имзо шудааст, ки мавсуф санади тасдиқкунандаи вазифаашро надорад.

Имзои Бобохонов

Радди даъвои "Азия-Плюс" дар пайи норизоиятии Анвар Тағоймуродов, сарвари раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ, ки шахсан дар рӯзи аввали баррасӣ ширкат дошт, сурат гирифт.

Даъвогарон имзои Умед Бобохонов, раҳбари "Азия-Плюс"-ро талаб кардаанд
Ҷамшед Ғиёсов, вакили дифоъи ӯ гуфт, даъвои муқобили нашрия бо дағалона поймол кардани қонунгузории Тоҷикистон пешниҳод шудааст:
"Аз номи Марат Мамадшоев барои дифои манфиатҳои ҳафтаномааш даъво пешниҳод карда шудааст, аммо дар ҳуҷҷатҳо имзои раҳбари асосии нашрия Умед Бобохонов нест. Аз ҳамин хотир, мо талаб кардем, ки маҳз имзои он касро пешниҳод кунанд."

Шикояти сарвари раёсати вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба додгоҳ аз мақолаи "Азия-Плюс" таҳти унвони "Тафтиш ё инкивизитсия?" аз 21 декабри соли 2010 аст, ки кормандони ниҳодашро ба истифода аз шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи боздоштшудагон муттаҳам кардааст.

Анвар Тағоймуродов матлаби ин нашрияро "таҳвину бӯҳтон"-омез номида, барои ба шаъну шараф ва эътибори раёсаташ ворид шудани латма 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кард.

Даъво муқобили даъво

Даъвои муқобили "Азия-Плюс" ба додгоҳ дар рӯзи аввали баррасии шикояти Анвар Тағоймуродов пешниҳод шуд. Дар он омадааст, муносибати хонандагони нашрия баъди ба додситонии кул ва вазорати корҳои дохилӣ даъват шудани масъулонаш тағйир хӯрда, ба эътибори кории ҳафтанома бетаъсир намонд.

Нашрия навиштааст, дар мақолаи ҳафтанома сухан дар бораи мақомоти давлатӣ меравад ва ба Анвар Тағоймуродову шаъну шарафи ӯ ҳарфе рабт надорад. Бо ин далоил, нашрия аз додгоҳ 15 ҳазор сомонӣ ҷуброн хостааст.
Масъулини нашрияи "Азия-Плюс" мегӯянд, санадҳои катбиеро барои собит кардани истифода шудани шиканҷа ва бадрафторӣ аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар даст доранд...


Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва низ вакили дифои нашрия, пас аз радди даъвои онҳо аз сӯи додгоҳ гуфт: "Бо боварии комил гуфта метавонем, ки таъйиноти додгоҳ ғайриқонунӣ аст ва мо дар мӯҳлати 10 рӯз, ки қонун пешбинӣ кардааст, шикояти кассатсионӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе мебарем."

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, баррасии баҳси миёни раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо "Азия-Плюс" пас аз қабули даъвои муқобили нашрия аз сӯи додгоҳ шурӯъ хоҳад шуд.

"Қатрае аз баҳр"

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, бори аввал дар таҷрибаи додгоҳии Тоҷикистон миёни мақомот ва як расона баҳс бар пояи шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи боздоштшудагон ба миён омадааст.

Ин падидаҳо тайи солҳои ахир яке аз мавзӯъҳои доғи баҳс дар нишастҳои мақомоту фаъолони ҳуқуқи башаранд, ки дар расонаҳо низ инъикоси худро меёбанд.

Дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ Анвар Тағоймуродов, сарвари раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ истифода аз шиканҷа ва зӯр алайҳи боздоштшудагонро дар ниҳодаш такзиб кард ва матолиби атрофи ин мавзӯъро кӯшишҳои заиф кардани пояҳои давлатдорӣ номид.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 14-уми феврал ба баррасии шикояти як мақоми аршади Вазорати корҳои дохилӣ аз болои нашрияи "Азия-Плюс" оғоз кард
Масъулини нашрияи "Азия-Плюс" мегӯянд, санадҳои катбиеро барои собит кардани истифода шудани шиканҷа ва бадрафторӣ аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар даст доранд ва нашрия танҳо "қатраеро аз баҳр" навиштааст.

Шиканҷа: Даъвоҳо исбот нашудаанд

Аммо коршиносон мегӯянд, то ба ҳол дар Тоҷикистон ягон даъвои марбут ба шиканҷа ва бадрафторӣ собит нашудаанд.

Наргис Зокирова, масъули Созмони ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ин масъаларо доғ унвон карда, гуфт, мушкили аслӣ ба тафтишот ва муассисаҳои ислоҳӣ дастрасӣ ҳомиёни мустақили ҳуқуқи башар аст: "Барои мо дар бораи сӯҳбат кардан дар бораи шиканҷа хеле мушкил аст. Зеро дастрасии созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ ба муассисаҳои давлатӣ маҳдуд аст."

Коршиносон ҳамчунин ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ишора мекунанд, ки дар мавриди муҷозоти шиканҷа ва бадрафторӣ моддае надорад.

Ба қавли онҳо, танҳо моддаи 117 кодекс, ки "Азият додан" унвон дорад, ба ширкати мустақим ва ё ғайримустақими масъули давлатӣ ишора накардааст ва то ба ҳол онҳое, ки ба истифода аз шиканҷа даст доштаанд, аз рӯи моддаи сӯистифода аз мақом муҷозот шудаанд.
XS
SM
MD
LG