Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср тантанаҳо идома доранд


Дар Миср тантанаҳо дар робита ба истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак идома доранд. Дар 18-умин рӯзи эътирозҳои густурда сарвари кишвар эълом дошт, ки мақомашро тарк мекунад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Ҳуснӣ Мубораки 82-сола дуввумин раҳбари кишвари арабӣ шуд, ки тайи як моҳи ахир зери фишори мардуми норозӣ истеъфо медиҳад – қаблан раисиҷумҳури Тунис Зайнулобиддин бини Алӣ маснадашро гузошта ба Арабистони саудӣ фирор карда буд.
Айни ҳол қудрат дар Миср дар дасти низомиён аст, ки ба онҳо фелдмаршал Ҳусейн Муҳаммад Тантавӣ сарварӣ мекунад. Тантавӣ замони қудрати Муборак солҳои тулони вазири дифоъи Миср буд.
Раҳбарони кишварҳои олам аз истеъфои сарвари Миср истиқбол кардаанд. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ваъда дод, ки кишвараш дар оянда ҳам робитаҳои дӯстона бо Мисрро ҳифз хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки "бо истеъфои худ раисиҷумҳур Муборак ба талаби мисриҳое, ки хостори тағйиротанд, гузашт кард. Ва аммо ин на анҷоми давраи интиқолӣ, балки фақат ибтидои он аст". Сарвари Амрико гуфт, ки "рӯзҳои душвор ва масоили ҳалношуда дар пешанд, вале мутмаинам, ки мардуми Миср ин масоилро аз роҳи осоишта, созандагӣ ва дар рӯҳияи ягонагӣ - тавре ки дар ҳафтаи ахир буд – ҳаллу фасл мекунанд".
XS
SM
MD
LG