Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши корбарони интернети мобилӣ


Масъулони ширкатҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон мегӯянд, мизони фарогирии интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 10 дарсади муштариёнро ташкил медиҳад.

Оморҳо ҳокист, ки дар чанд соли ахир мизони алоқамандони хадамоти интернети мобилӣ дар ҳоли афзоиш аст ва танҳо истифодабарандагони ин хадамот дар ширкати «МЛТ» дар соли 2010 шаш маротиба афзудааст.

Беш аз даҳ сол аст, ки ширкатҳои мустақили телефони мобилӣ дар бозори Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар канори ТСЕЛЛ, ВАВИЛОН, ТК — Мобайл ва дигар ширкатҳо, «МЛТ», ки Хатҳои мобилии Тоҷикистон унвон мешавад, вориди ин бозор аст ва ба гуфтаи дастандакорони он, барои муштариёнаш беҳтарин ва муосиртарин хадамотро пешкаш мекунад. Он гуна, ки Алексей Семёнов, раиси иҷроии ширкати «МЛТ» гуфт, дар ҳоли ҳозир ин ширкат барои хадамот ба муштариён аз технология ё шабакаи насли сеюм, бо номи 3G, ки дар ҷаҳони муосир маъруф аст, истифода мекунад. Аммо вижагиии ин технология ё шабака он аст, ки на танҳо барои муштариён хадамоти гуфтугӯиро фароҳам месозанд, балки онҳо аз интернети мобилӣ ва ҳамчунин «видеозанг», ки ба ҳангоми муколама ҳамдигарро дар телефон дида метавонанд, бархӯрдор хоҳанд буд.

Ин дар ҳолест, ки таваҷҷӯҳ ба интернет дар ҷомеаи Тоҷикистон меафзояд ва ҳукумати Тоҷикистон низ талош дорад, то технологияи муосири коммуникатсиониро дар куллияи кишвар густариш бахшад. Тибқи иттилои ширкатҳои мобилӣ, ҳоло сатҳи фарогирии интернетӣ мобилӣ дар Тоҷикистон даҳ дар садро ташкил медиҳад ва ин раванд дар ҳоли афзоиш арзёбӣ мешавад. Ба хусус мизони истифодабарандагони хадамоти интернети мобилӣ тавассути ширкати «МЛТ» ҳамакнун шаш маротиба афзоиш ёфтааст.

Алексей Семёнов, раиси иҷроии ширкати «МЛТ» гуфт, «Дар ширкати мо ҳудуди сад ҳазор муштарӣ аз хадамоти интернети мобилӣ истифода мекунанд. Аммо муштариёне ҳастанд, ки ҳар рӯз аз ин хадамот истифода мекунанд, аммо касоне ҳам ҳастанд, ки вобаста ба имконият. Ба ин хотир рақамҳо метавонад тағйир кунад. Аммо дар маҷмӯъ ҳудуди 30 дар сад аз муштариёни ширкати «МЛТ» аз хизматрасонии интернет истифода мебаранд».

Абдухолиқ, як сокини шаҳри Душанбе, чаҳор сол боз муштарии «МЛТ» аст ва мегӯяд, бо огоҳ шудан аз хизматрасонии интернет дар ин шабака ба он пайваст шудааст ва акнун аз ин хадамот дил канда наметавонад, «дар воқеъ ман муштарии "МЛТ" ҳастам ва хизматрасонии он ба ман маъқул аст. Он чӣ беҳбудии кор аст, ин аст, ки ман ба хадаамоти интернети «МЛТ» пайваст ҳастам. Ва ҳар рӯз аз тариқи ворид шудан ба интернети телефон аз хабарҳои ҷаҳон ва Тоҷикистон огоҳ мешавад. Ҳамчунин аз ин тариқ ҳар рӯз вазъи обу ҳаворо мефаҳмам. Зеро ман ҳамеша дар сафар ҳастам ва барои ман ин зарур аст».

Албатта, ба ҷузъ «МЛТ», дигар ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон низ хадамоти интернети мобилиро ба роҳ мондаанд, ки ин амр кору фаъолият ва зиндагии рӯзмарраи муштариёнро беҳбуд мебахшад. Зеро на ҳама ба компютер ва дигар таҷҳизоти коммуникатсионӣ дастрасӣ доранд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аз чунин хадамот бештар он афроде истифода мекунанд, ки бо он ошно ҳастанд ва маблағи кофӣ барои ин кор доранд.

Дар умум аксари шаҳрвандон дар Тоҷикистон телефони мобилиро барои гуфтугӯ истифода мекунанд. Ҳатто аз дигар хадамоти он ёде намекунанд.
Аҳмад, сокини 35 сола, дар ин бора мегӯяд, «фақат ба хотири бо ёру дӯстон ва хонавода сӯҳбат кардан, аз телефони мобилӣ кор мегирам. Аз интернет
шахсан ман истифода намекунам. Барои ки намедонам ва ҳеҷ гоҳ низ истифода накардаам».

Аммо бо он, ки Мурод Сотиев, як тан аз рӯзноманигорони тоҷик, ки ба хадамоти интернети мобилӣ ошно ҳаст, аммо мегӯяд, имконияти молии истифода аз чунин хадамотро надорад, «телефони ман чунин имкониятеро надорад. Барои ман харидорӣ кардани телефони мобилӣ бо чунин иимкониятҳо гаронтар меафтад»

Аммо Мурод бештар аз интернети компютер истифода мекунад ва мегӯяд ҳар ҷое, ки меравад бо худ модем дорад, ки ба компютер пайваст мекунад ва ба роҳатӣ аз шабакаи ҷаҳонии интернет истифода мекунад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Анҷумани дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон, ҳоло шумораи истифодабарандагони интернет дар ин кишвар ба беш аз як миллиону 600 нафар мерасад. Ин Анҷуман низ сабаби аслии афзоиш ёфтани мизони дастрасӣ ба интернетро ба алоқамандии сокинон ба хадамоти интернети мобилӣ марбут медонад. Оморҳо низ ҳокист, ки 80 дарсади ҷамъияти 7, 5 миллион нафараи Тоҷикистон ба телефони мобилӣ дастрасӣ доранд ва ин имкон медиҳад, ки ин соҳаи коммуникатсия дар кишвар рушди чашмгире дошта бошад.

Ин амр боиси он шудааст, ки ширкатҳои мобилӣ, ба хусус ширкати «МЛТ» технологияи ҷадидтареро рӯи кор биёранд, то тавонанд, муштариёни бештареро ба худ ҷалб созанд. Алексей Семёнев, раиси иҷроии «МЛТ» гуфт, ширкати онҳо дар ҳоли ҳозир роҳандозии технологияи ҷадидтари насли чорум ва ё 4G -ро рӯи даст дорад ва бо насби ин шабака, имкониятҳои хубтару беҳтар ва роҳаттар барои муштариён фароҳам хоҳад шуд.

Зимнан, МЛТ аз нахустин ширкатҳои мустақили телефони мобилии Тоҷикистон аст, ки дар соли 2001 ба фаъолият оғоз кардааст. Аммо ҳоло дар ҷиҳати мизони муштарӣ пас аз ширкатҳои ТСЕЛЛ ва Вавилон дар мақоми сеюм қарор дорад. Теъдоди муштариёин МЛТ беш аз 400 ҳазор нафар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG