Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни ҳокимияти 30-солаи Ҳуснӣ Муборак


Тазоҳуркунандагон аз хабари истеъфои Муборак истиқбол карданд.
Тазоҳуркунандагон аз хабари истеъфои Муборак истиқбол карданд.

Фишори давомдори норозиён раисиҷумҳури Мисрро маҷбур кард, пас аз 18 рӯзи пойфишории мардум курсиро тарк кунад.

Дар ҳоле ки тазоҳурот идома дошт, ноиби раисиҷумҳури Миср, Умар Сулаймон, аз тариқи телевизиони давлатии Миср эълон кард, ки раисиҷумҳур Муборак аз мақомаш истеъфо дод ва аз Маҷлиси олии нерӯҳои мусаллаҳи кишвар хост, идораи давлатро ба даст гирад.

Хабари истеъфои Муборакро эътирозгарон бо шӯру шавқ ва қаноатмандӣ пазируфтанд. Онҳо баъд аз изҳороти шаби гузаштаи Муборак ҳузури худро дар майдонҳои марказии Қоҳира ва шаҳрҳои дигари Миср густариш дода, ба истеъфои билофосилаи Муборак исрор доштанд.

Дар ин рӯз садҳо ҳазор эътирозгар дар атрофи қароргоҳи асосии раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак дар Ҳолеополис ва ҳам дар рӯбарӯи бинои телевизиони Миср дар наздикии майдони Таҳрири Қоҳира гирди ҳам омаданд.

Соате пеш аз эълони истеъфояш, президенти 82-сола, ки дар давоми 30 сол бар Миср ҳокимият ронд, Муборак бо аҳли хонаводааш пойтахт – Қоҳираро тарк гуфта, ба Шарм-ул-шайх, осоишгоҳе дар соҳили баҳри Сурх рафт.

Вай дар охирин паёмаш ба мардуми Миср, шаби панҷшанбе такроран гуфт, ки Мисрро тарк нахоҳад кард ва дар хоки ҳамин кишвар дафн хоҳад шуд.

Шаби панҷшанбе Муборак гуфт, як бахши салоҳиятҳояшро ба ноибаш Умар Сулаймон медиҳад, вале худ то моҳи сентябр, яъне то интихоботи нав ва хатми давраи кунунии раёсаташ дар мақоми раисиҷумҳур боқӣ хоҳад монд. Ба дунбол, рӯзи ҷумъа артиши Миср бо пуштибонӣ аз ин барномаи таҳвили қудрат ва тазмини иҷрои ислоҳот ва баргузории як интихоботи озоду одилона дар соли ҷорӣ аз эътирозгарон даъват кард, хона ба хона шаванд.

ВОКУНИШИ ҶАҲОН


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, гуфт, "мисриҳо дунёро дигар карданд" ва "ҷавонони Миср бояд рӯҳияи бунёди ояндаи хешро ҳифз кунанд." Дар изҳороташ, ки пас аз се соати эълони истеъфои Муборак садо дод, Обама гуфт, "Миср дигар он Мисри қаблӣ нахоҳад буд. Иёлоти Муттаҳида ба ҳайси коршарики Миср боқӣ мемонад" ва "амрикоиҳо дар ҳоли дархости мисриҳо ба имдод омода хоҳанд буд."

Лаҳзаҳое пеш аз Обама ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден дар Вошингтон 11-уми февралро "як рӯзи таърихӣ"-и Миср номид. Вай баъд аз нашри хабари истеъфои Ҳуснӣ Муборак гуфт, "бояд ҳуқуқи умумбашарии мардуми Миср муроот ва ба ормонҳои ин мардум расидагӣ шавад."

Байден афзуд, "гузарише, ки акнун ба вуқӯъ мепайвандад, бояд як тағйири баргаштнопазир ва ҳаракати бомаслиҳат ба сӯи демократия бошад."

Сарвазири Олмон Ангела Меркел изҳор дошт, ки дар Миср тағйире ба самти хубӣ оғоз хоҳад ёфт. Исроил умедвор шуд, ки дигаргунӣ дар Миср ба нақзи равобити сулҳомези байни ду кишвар сабаб нахоҳад гашт. Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод аз рафтани Муборак истиқбол кард.

Бино бар хабарҳо, барои таҷлил аз истеъфои Муборак сокинони Тунис, Навори Ғазза ва Лубнон ба кӯчаву хиёбонҳо баромаданд.

Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун бори дигар ба интиқоли шаффоф, осоишта ва муназзами Миср ба демократия даъват кард. Вай гуфт, "ман аз мардуми Миср барои чунин шеваи ҷасурона ва муназзами ҳақталабиашон ситоиш мекунам. Ман аз ҳама ҷонибҳо даъват мекунам, корро бо ҳамин шева идома диҳанд." Вай илова кард, ки Созмони Милал омодаи кӯмак ба ин раванд хоҳад буд.

НИГОҲҲО АЗ ТОҶИКИСТОН

Муовини раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раисиҷумҳури

Сайфулло Сафаров

Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров ба Радиои Озодӣ гуфт, истеъфои Муборак роҳеро барои ҳалли бӯҳрони Миср боз кард. Вай афзуд, агар Муборак пойфишорияшро идома медод, аз эҳтимол дур набуд, ки тарафдорон ва мухолифони ӯ бо ҳам даргир шаванд ва кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ тела диҳанд. Ба ақидаи ҷаноби Сафаров синнусоли Муборак дигар ба ӯ имкон намедод, кишварро сарварӣ кунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҳайати нав хоҳад тавонист, вазъиятро дар Миср ба эътидол ва тавозун оварда, ислоҳотро роҳандозӣ кунад.



Коршиноси дигари масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, Давлат Усмон истеъфои раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборакро хотимаи мантиқии рӯйдодҳои 18 рӯзи охири ин кишвар номид ва аз пойфишорию собитқадамии тазоҳуркунандагон ситоиш кард.

Ҷаноби Усмон мегӯяд, инқилоби Миср на танҳо дар натиҷаи фақру фасод ва зулми ҳукумати худкома, балки ҳамчунин бар асари ҷаҳонишавии иттилоъ дар дунё ба вуқӯъ пайваст. Вай афзуд, "ҳоло қарни 21-ум аст ва ҳеҷ раҳбаре наметавонад бо зӯроварию фишор ва бозиҳои сиёсӣ давраи ҳукумати худро

Давлат Усмон

беохир тамдид кунад. Ин коршинос мегӯяд, сарони кишварҳое, ки бо мушкилоти шабеҳ ба мушкилоти Миср рӯбарӯянд, бояд аз рӯйдодҳои охири ин кишвар дарси иборат гиранд ва дар мамолики хеш ислоҳоти фаврӣ оғоз намоянд. Дар акси ҳол, ҳадс мезанад ҷаноби Усмон, аз эҳтимол дур нест, ки мавҷи бедорӣ ва ҳақталабӣ аз Тунису Миср ба кишварҳои дигари ҷаҳони савум паҳн хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG