Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин вокунишҳо ба суханронии Ҳуснӣ Муборак


Ба изҳороти Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср тавссути телевизион дар ин бора, ки вай аз мақомаш истеъфо намедиҳад, балки баъзе аз салоҳиятҳояшро ба муовинаш вогузор мекунад, вокинишҳо нашр мешаванд. Муҳаммад Бародеӣ-барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел ва раиси пешини Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ пешгӯӣ кард, ки "Миср мунфаҷир мешавад" ва афзуд "артиш акнун бояд кишварро наҷот диҳад". Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷии Британия хостори гузори муназзам шуд ва гуфт, ки кишвараш бо диққат суханҳои Муборак ва Сулаймонро хоҳад омӯхт. Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, вай умедвор аст, ки Миср аз роҳи демократӣ пеш хоҳад рафт ва низоми дигари диктатуриро рӯи кор нахоҳад овард. Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо изҳор дошт, ки ҳоло вақт барои тағири ҳукумат дар Миср фаро расидааст.
XS
SM
MD
LG