Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҳуқуқдонҳо дар шаҳрҳои Ироқ


Эътироз алайҳи фасод дар Мосул
Эътироз алайҳи фасод дар Мосул
Дар шаҳрҳои Басра, Карбало, Мосул, Ромадӣ, Кут ва Омарои Ироқ садҳо ҳуқуқдонҳо ба хиёбонҳо рехта алайҳи фасоду бекорӣ эътироз карданд.

Тазоҳургарон ҳамчунин талаб намуданд, ки ҳукумат маҳбасҳои махфиро боз кунад, то ки маҳбусон имкони аз хадамоти ҳуқуқӣ бархурдор шуданро дошта бошанд.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, нерӯҳои амниятии Ироқ чанд зиндони махфӣ доранд, ки дар онҳо маҳбусон мавриди шиканҷа қарор мегиранд. Вуруди вакилони дифоъ ба ин маҳбасҳо мамнӯъ аст. Ва аммо ҳукумати Ироқ мавҷудияти ин гуна зиндонҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG