Дирӯз дар Қоҳира тазоҳуркунандагон дар майдони Таҳрир 16-ӯмин рӯзи эътирози худро идома доданд. Онҳо роҳи вурудӣ ба порламони Мисрро бастанд. Нозомиён бо зиреҳпӯшҳо бинои порламонро ҳимоят мекарданд. Вале рафтори тазоҳуркунандагон сулҳомез ба назар мерасид. Бино ба гузоришҳо, дар шаҳраки ҷанубии Харқа дар як силсила даргириҳо миёни тазоҳуркунандагон ва нируҳои давлатӣ 3 нафар кушта, тақрибан 100 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар Канали Суетс ҳазорон нафар коргарон эътисоб кардаанд ва хостори боло бурдани дастмуздашон шудаанд. Ихвонулмуслимин- бузургтарин гуруҳи мухолифин гуфтааст, ки аз дархостҳои худ даст намекашад ва истеъфои Ҳуснӣ Муборакро тақозо мекунад. Вале таъкид кардааст, ки аз роҳи зӯр ҳукуматро ғасб намекунад.