Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саволи Шумо ба журналист Зафар Абдуллоев


Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев эълом дошт, ки хабаргузории «Авесто»-ро ба ҷамъияти «Муҳаммад Билол» дода, нашрияи худ «Факти и комментарии»-ро низ месупорад ва аз саҳнаи матбуоти тоҷик канор меравад.

Вай мегӯяд, аз ин ба баъд ба тиҷорати хурд машғул хоҳад шуд.
Зафар Абдуллоев, барандаи ҷоизаҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ дар бахши хабарнигорӣ, 5-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст. Соли 1998 бахши “иқтисод ва менеҷмент”-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро хатм мекунад. Фаъолияти хабарнигории худро соли 1997 дар Оҷонсии хабарии “Азия-Плюс” оғоз карда, соли 2000 муҳаррири ҳафтаномаи русизабони “Азия-Плюс” таъйин мешавад. Вай то соли 2003 дар ин симмат ифои вазифа кардааст. Моҳи марти соли 2004 хабаргузории “Авесто”-ро таъсис медиҳад. Соли 2006 нашрияи русизабони “Факты и комментарии”-ро рӯйи чоп овард. Вай ҳамчунин муассиси нашрияҳои “Овоза» ва «Фараж” буд. Бо талоши ӯ хабаргузории тоҷикии «zamon.tj» таъсис ёфт, вале ба далели мушкили молӣ дер напоид. Абдуллоев аз соли 2007 то соли 2009 Дабири кулли созмони “Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон” буд, ки худ яке аз бунёдгузоронаш ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG