Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон роҳи парлумони Мисрро банд карданд


Эътирозгарони мисрӣ имрӯз, дар рӯзи 16-уми раҳпаймоиҳо бо талаби истеъфои раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак роҳҳои вуруд ба парлумонро банд карданд. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, ин сохтмонро нирӯҳои артиш таҳти ҳимояти мошинҳои зиреҳпӯш дифоъ мекунанд, вале тазоҳурот ба оромӣ мегузашт.
Аксари курсиҳои парлумони Мисрро намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Муборак дар даст дорад.
Амрико аз Миср даъват кард, то вазъи изтирориеро, ки ба нирӯҳои амниятӣ салоҳиятҳои фавқулодда медиҳад, лағв кунад.
Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт: “Давлат бояд боздошти эътирозгарон ва журналистон, табъизу лаукӯб ва боздошти фаъолон ва намояндагони ҷомиаи шаҳрвандиро бас кунад. Мо ба раҳоии ҳамаи чунин зиндониён даъват мекунем.”
Эътирозҳо бо талаби суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар Миср аз 25 январ ба ин сӯ идома дорад.
XS
SM
MD
LG