Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти бародар ва хоҳари омили ҳамлаи "Домодедово"


Матбуоти Русия мегӯяд, ки мақомот бародар ва хоҳари нафари гумонбар ба анҷоми ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 24 январ дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскавро боздошт кардааст. Бар асари он бомбгузорӣ 36 нафар, бо шумули 3 шаҳрванди Тоҷикистон, кушта шуданд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин маргталаб Муҳаммад Евлоеви 20-сола зодаи ҷумҳурии Ингушистони Қафқози шимолист. Бино ба хабарҳо, додари 16-солаи ӯ Аҳмад ва хоҳари 22-солааш Фотима дар ин ҳафта бо гумони даст доштан дар ҳамлаи “Домодедово” боздошт шудаанд.Нафари севвуми боздоштшуда Умар Аушеви 23-сола ном бурда мешавад.
Ахиран Доку Умаров, фармондеҳи чирикиҳои чечен, масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG