Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Назриев: "Ман нарафтам, маро "равонданд."


Ислоҳот пажӯҳишгоҳҳои академии Мероси хаттию шарқшиносӣ ва Забону адабиётро муттаҳид кард.

Аммо Ҷӯрабек Назриев, раиси қаблии Институти мероси хаттӣ ва шарқшиносии Тоҷикистон ба ин тағйирот розӣ нест ва мегӯяд иштибоҳ аст, ки ин ду Пажӯҳишгоҳ якҷо шавад. Зеро ба ақидаи оқои Назриев доираи пажӯҳиш ва тадқиқоти ин ду институт аз ҳам фарқ дорад:

Посух: Институти шарқшиносии Тоҷикистон аз пажӯҳишгоҳҳои пешқадам ва мӯътабари Иттифоқи шӯравӣ ба шумор рафта соҳиби обрӯ ва номи баланд буд. Беҳтарин осори гузаштагони пурифтихори мо бо шарофати ҳиммату хидмату заҳмати кормандони ин институт ба табъ расид. Шумо тасаввур кунед даҳҷилдаи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, осори Одамушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ ва осори ҳамасрони ӯ чоп шуданд. Зеро бешак донишмандони барҷаста дар инҷо кор мекарданд. Садҳову садҳо мисолу намунаро метавон инҷо зикр кард. Осори Абдураҳмони Ҷомиро чоп кардани устод Аълохон Афсаҳзод. Афсаҳзод яке аз барҷастатарин донишмандон ва мояи ифтихори ин институт буданд. Баъдтар инак омад, омад то дараҷае, ки институт аз байн рафт.

Пурсиш: Ба назари шумо ба чӣ далел ин ду институт бояд муттаҳид намешуданд?

Посух:
Мо гуфтем, ки нусхаҳои хаттии зиёд дорем. Ман қариб 1000 нусха ворид кардам. Нусхаҳои хаттие, ки дорем онҳо мояи ифтихори мо ҳастанд. Гузаштаи мо ва симои маънавии мо мебошанд. Ҳоло мо даъвои кишварҳо дорем: Бухорову Самарқанду Марву Сарахсу Нисову Балх. Ва ин нусхаҳои хаттии мо ҳам ҳамин гуна мояи ифтихорамон астанд. Аз ин рӯ институти мероси хаттӣ бояд вуҷуд медошт ва танҳо ба омӯзиши дастхатҳо машғул мешуд.

Пурсиш: Манзуратон ин аст, ки доираи салоҳият ва фарогирии масоилу мавзӯъҳои Институти шарқшиносӣ аз Институти забон ва адабиёт фарқ дорад?

Посух: Ба куллӣ фарқ мекунад. Институт бояд ду институти алоҳида бошад. Лекин шарқшиносӣ ба хотири шинохти адабиёту таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик не, балки Институти шарқшиносии мо таҷассумгари илму маърифату фарҳангу адабиёту сиёсати иҷтимоиёту иқтисодиёти мо- тамоми олами шарқ бошад. Аз Ҷопон шурӯъ карда то кишварҳои Непалу Ҳиндустону Чину Туркияву кишварҳои арабиву ғайра бошад. Мо кишвари соҳибистиқлолем ва бояд як Институти шарқшиносӣ дошта бошем, ки тамоми кишварҳои шарқро биомӯзад. Забону адабиёти моро Институти забон ва адабиёт ва таърихро Институти таърих омӯхтан гирад.

Пурсиш: Фикр мекунед дубора ин тасмим иваз ва ин институҳо алоҳида мешаванд?

Посух: Ман ҳоло намедонам, ҳарчӣ шуданаш мумкин аст. Аз як ҳаким пурсидаанд, ки хирс мезояд ё тухм мекунад, гуфтааст аз ин думбурида ҳарчи мебарояд. Имрӯз ҳарчӣ шуданаш мумкин аст. Лекин ман яқин дорам, ки чун кишвари соҳибистиқлол астем, як рӯз не як рӯз Институти шарқшиносӣ таъсис меёбад ва дар баробари ин институт боз як институти дигар таъсис меёбад, ки дунёи Ғарбро хоҳад омӯхт.

Пурсиш: Шумо чанд сол роҳбари Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ будед. Он замонҳо овозаҳо шуда буд, ки дастнависҳо нопадид шуданд, ин овозаҳо дуруст аст?

Посух: Ман ин сарусадоҳоро шунида будам. Мутаассифона, як гурӯҳ пайдо шуда буданд,ки оромиву пешравӣ ва муҳити хуби илмии Институти шарқшиносиро қабул надоштанд. Аз ин рӯ дурӯғи бисёреро дар ҳар куҷо паҳн карданд. Ин дурӯғпароканиҳо дар дохили худи институт ба вуҷуд омада буд. Маҳалгароӣ ҳам хеле боло рафта буд. Сипас ревизияи махсус ташкил кардем. Намояндаҳои баъзе аз идороти қудратиро ҳам даъват кардем. Раиси ин комиссия муовини раиси Институт устод Амрияздон Алимардон баргузида шуданд. Хуллас, ин комиссияи мӯътабар ҳамаро санҷиду бозрасиву тафтиш кард, ки ҳама чиз дар ҷояш аст.Сад дар сад дурӯғ будани ин овозаҳо маълум шуд. Вагарна онҳо маро маҳкум мекарданд. Аз ҳама муҳим диданд, ки ман чанд ҳазор нусхаи чопи муосир, чанд ҳазор дастхат ва чопи сангӣ вориди хазинаи институт кардам. Барои чӣ садои ман баланд буду забонам дарозу дурушт ҳарф мезадам? Барои онки дуздӣ ва ба ҳаққи мардум хиёнат накардам.

Пурсиш: Бисёре аз афрод аз институти шарқшиносӣ ба мансабҳои боло аз ҷумла ба корҳои дипломативу давлатӣ ҷалб шуданд вале чаро шумо не?

Посух: Ман камбуди худро дар он мебинам, ки бисёр рост мегуфтам, талаби бисёр мекардам ва ба онҳое, ки дар мақоми болотар буданд, хушомад намегуфтам, имрӯз ҳам намегӯям. Хуб карданд ва ё накарданд ҳаволаи инсофи онҳо. Лекин як ҳарф аст, ки мегӯянд, гарчи амал кори хирадманд нест, ҷуз ба хирадманд мафармо амал. Ман аз як чиз ифтихор мекунам, ки аз ин даргоҳ бо бадӣ нарафтам. Ман нарафтам, балки равонданд. Маро гирифтанду канор гузоштанд ва ба ҷойи ман як нафареро аз боло оварданд, ки ҳеҷ кас тасаввур намекард. Ҳамин десант партофтанҳо расм шуд. Ҳам ба ҳоли ӯ механдиданд ва ҳам гиря мекарданд, худо шоҳид. Назди институт мерафтам ҳамкорон оғӯш мегирифтанду гиря мекарданд. Аммо баъди рафтани ман ин қадар фитнаҳо барангехтанд.Тамоми нусхаҳоро аз сари нав ревизия карданд. Марҳум Амрияздони Алимардон худо биёмурзадаш гуфтааст ин корро накунед, ки Ҷӯрабек ба як саҳифаи китоб хиёнат
накардааст. Бо кормандони институт на раису раият, балки ҳама бародар будем. Аз онки вазифа доданд ва ё надоданд, бародари азиз, ба қавли мардум рул дар дасти капитани киштӣ аст, агар дод хайр ва агар, ки надод ҳаволааш ба худо.

Пурсиш: Шумо дар Афғонистон низ маъмурият доштед вале мегӯянд, ки он маъмуриятро ба анҷом нарасонида пеш аз мӯҳлат баргаштед?

Посух: Сабаб боз ҳам ҳамин ростгӯӣ аммо гуноҳ ё ҷурм Аҳмад Зоҳир буд. Мо дар як маҳфил бо Аҳмад Зоҳир ошноӣ пайдо кардем. Чун ӯ дид, ки як ҷавони боҳунар астам ва аз шеъру адабиёт бохабар дӯст шуд. Ӯ худаш ба суроғи ман ба манзилам омад. Мо дигар хеле наздик шудем. Вақте дар муҳити Кобул сайругашт мекардем баъзе ҳарфҳову сӯҳбатҳое аз тарафи афғонҳо ба гӯш мерасид. Масалан афғонҳо мепурсиданд, ки чаро аз миллати тоҷик, ӯзбак умуман қавмҳои Осиёи Миёнаву Қафқоз ба сифати тарҷумон меоянд, аммо аврупоиҳо ба ҳайси мутахассис. Аз он ҷиҳат мепурсиданд, ки мақоми мутахассис болотар буд. Ман ҳам ба сифати тарҷумон дар Афғонистон фаъолият мекардам. Баъзан ин ҳарфҳоро мерафтам ба калонҳо мерасонидам, ки мардуми афғон чунин назар доранд. Намешавад як коре бикунем, ки андешаашон чунин набуда бошад. Дигар инки баъди як соли хидмат ба рухсатӣ омадам. Аммо ба ростӣ бо Аҳмад Зоҳир хеле қарин шуда ва гоҳо якҷоя суруд низ мехондем. Он замон дар бораи мо ҳар гуна ҳарфҳоро бофтаву пароканда карда буданд, ки ину он мекардем, ба назди духтарҳо мерафтем. Худо шоҳид, ки ин ҳама ҳарфҳо ботил буд. Он вақт Тоҷикистонро камтар мешинохтанд. Ман ҳарҷо, ки мерафтам фарҳангу маданияти мардум ва адабиёти тоҷикро таблиғ мекардам. Падари Аҳмад Зоҳир як замон нахуствазир буд. Вақте ҷамъ меомаданду медиданд, ки як ҷавоне аз Иттиҳоди Шӯравӣ, ки адабиётро аз онҳо камтар намедонад шеър мехонад эҳтиромаш карданд. Аммо дар онҷо ҳам ман дертар фаҳмидам, ки як- ду бародари хуби тоҷики ман пайдо шудаасту рафта гуфтаанд, ки агар маро пас нагардонанд ман шаҳрвандии кишвари бегонаро қабул мекунам.Дар бораи Аҳмад Зоҳир гуфтаанд, ки ӯ ҷосуси Амрико асту фалон асту беҳмадон асту метавонанд, ки маро маҷбур кунад шаҳрвандиро пазирам ва аз кишвари худ даст бикашам. Ҳол он ки ман кишвари худро, хокашро ба зару зевари кишвари дигар баробар намекунам ва нахоҳам кард.

Пурсиш: Гуфтанд, ки ба шумо мӯҳлат додаанд 24 соат, ки кишварро тарк кунед, дуруст аст?

Посух: На, ҳеҷ чунин ҳарфҳо набуд. 15 рӯз пеш маро огоҳ карданд, ки метавонӣ ба рухсатӣ биравӣ. Ман омодагӣ гирифтам, тӯҳфаҳоро харидам, ҳама корҳоро анҷом дода бо хонумам ва фарзандҳо омадем. Омадам инҷо ва баъд рафтам Маскав, ки ба ман гуфтанд қарордоди Шумо ихтисор шуд. Онҷо се далел пеш оварданд. «Не владеет язик дарӣ», яъне забони форсиро намедонам-яке аз гуноҳҳо, «политический неграмотний»- дуввум гуноҳ ва «встречался с людми сомнителними репутатсиями». Гуфтам кого ви имеете виду. Гуфтанд Ахмад Захир. Ви знаете Ахмад Зохир? Гуфтам шумо маро савол диҳед, ки Аҳмад Зоҳирро кӣ намешиносад. Ӯ як ҳунарманди маъруфу машҳур аст, ки бо забони ман суруд мехонад. Дар Тоҷикистон маҳбубият дорад. Ман ҳам ҳунармандам ва шиносоии мо ба хотири ҳамин аст. Дӯстҳо диданд, ки он ҷурм ва баҳонаҳое, ки пеш оварданд, ягонтоаш асос надорад. Қарордоди ман нимҳарбӣ буд. Ҷамъ карданд ҳамарову сӯҳбат карданд ва гуфтанд язик дарӣ он знает ва совершенстве,отпадает, дуюм масъалаи сиёсат буд, ки гуфтанд аз сиёсат пурра бохабар аст ва дар бораи сеюмаш тӯҳматҳо карданд, ки ранҷидам.Дигар омадам. Боз имкони рафтан пеш омад, пешниҳод карданд вале гуфтам, ки дигар намеравам.

Пурсиш: Бо Аҳмад Зоҳир бештар дар бораи чи сӯҳбат мекардед?

Посух: Ман Аҳмад Зоҳирро бо ҳунари хуби тоҷикӣ ошно кардам. Аз инҷо сабтҳои зиёде бурдам. Ӯ аз куҷо медонист, ки Акашариф Ҷӯраев кӣ аст? Ё Одина Ҳошим кӣ аст? Ӯ орзу мекард, ки як бор ба Тоҷикистон ояд. Ҳатто як субҳ дар занг зад. Хестам боз кардам, ки Аҳмад Зоҳир бо як дӯсташ паси даранд. Гуфт Ҷӯрабекҷон як хонуми ҳунарманд хеле хуб хонд, хонуми тоҷикӣ, хушам омад аз хонданаш. Дар ҳақиқат ҳунармандони шумо хуб мехонанд. Гуфтам ӯ кӣ будааст. Гуфт, ки Мағфират Қулқулова. Гуфтам бале ҳаст, Мағфират Ҳамроқулова. Як рӯз Аҳмад Зоҳирро ҳамроҳ гирифтам ва рафтем хонаи Шаҳбоз Кабиров, хонаи шоира Меҳринисо. Онҳо маро
меҳмонӣ даъват карда буданд. Соати даҳ рафтем то яки шаб нишастем. Аз меҳмондории тоҷикон, аз ҳунардӯстии мардуми мо ба ваҷд омад.Дар Ҷангалак будем. Тамоми мардуми хориҷӣ ҷамъ шуда буданд. Аҳмад Зоҳир омад аз ман пурсид, ки чаро ин қадар мардум зиёд омадааст? Гуфтам фаҳмиданд, ки ту омадӣ ҷамъ шуданд, мехоҳанд ту суруд бихонӣ. Баъд рафт бо ҳамроҳии Шаҳбоз ва асбобашро овард. Аз соати 10 то якуними шаб мо нишастему суруд хондем. Худо шоҳид, ки инҷо дар атрофи ман баҳсҳо хеле бисёр шуд. Ман чанд дафъа гуфтамаш, ки наояд. Ман шӯравиаму ту афғон. Мегуфт дар қиссааш набош, хунамон якест.

Пурсиш: Вале ба ҳар сурат кам-кам назди духтарҳо мерафтед ҳамроҳ ?

Посух: Ба офаридгор қасам, ки Аҳмад Зоҳир чанд бор пешниҳод кард. Аҳмад Зоҳир камакак шароб, кабоб, хонум ва суруду мусиқиро дӯст медошт. Аввал ин, ки ман аҳли шароб набудам ва дар тамоми ҳаёт шароб нанӯшидаам, сигор накашидам. Аҳмад Зоҳир вақте ин ҳарфҳоро мешунид ҳайрон мешуд ва номамро гирифта оғӯш мекард. Кам-кам менӯшид. Вале ҳеҷ вақт зиёдаравӣ намекард. Дар мақоми ақл буд. Акнун зебоиро ҳар кас дӯст медорад. Як вақт ният кард, ки маро хонадор кунад, аз афғонҳо. Номзадро ҳам ёфт. Аммо қабул накардам, ки қавонини кишвари мо дигар аст, ман зану фарзанд дорам, онҳоро сахт эҳтиром мекунам, фарҳанги Иттиҳоди шӯравӣ қабул надорад, ки мо ду зану се зану чаҳор зан дошта бошем. Лекин худо шоҳид, ки дӯстии мо дар мақоми илму фарҳангу адабиёт буд.

Посух: Дар бораи зиндагии шахсиатон чи метавонед бигӯед, чи кораед?

Посух: Мегӯянд, ки ба худододагон ситеза макун, ки худодаро худо додааст. Ҳоло сарходими илмии Институти забон ва адабиёт астам ва як маркази фарҳангиеро ҳам бо номи «Мерос» таъсис додаам. Ба корҳои илмӣ машғулам ва кори ду китоб дар ҳоли тамом шудан аст ва ҳам оҳанг эҷод мекунам. Шогирдҳо ҷамъ мешаванд, сурудхонӣ мекунем. Яъне ки аз муҳити илмиву ҳунарӣ дур нашудаам. Шукри парвардигор, ки ойилаи хуб дорам. Чаҳор фарзанд ва 8 набера дорам. Фарзандон ҳама соҳибмаълумот.Як писарам дар Чехия хонда соҳиби маълумоти олӣ шуд.

Пурсиш: Ба ҳар сурат тиҷорат надоред? Мегӯянд, ки як қисми осоишгоҳи Шоҳамбарӣ аз шумост.

Посух: Ман худам ба ин корҳоро машғул нестам. Шоҳамбарӣ аз писари акаам аст. Писаронам кам-кам тиҷорат мекунанд. Яке аз онҳо намояндаи «Тоҷиксодиротбонк» аст. Корҳояшон хуб аст. Аз назари иқтисодӣ бениёзам.

Ҷӯрабек Назриев

Ҷӯрабек Назриев Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, сипас, дар мавзӯи ҷойгоҳ ва мақоми Мактабии шерозӣ дар адабиёти форсу тоҷик рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Чандин сол раёсати Институти мероси хаттӣ ва шарқшиносии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Муддате ҳам дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кору зиндагӣ кардааст. Аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир - ҳунарманди маъруфи Афғонистон будааст. Бар изофаи корҳои илмиву тадқиқотӣ Ҷӯрабек Назриев овозхонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG