Дар изҳороти ин ҳизб, ки пас аз зуҳри8-уми феврал мунташир шуд, гуфта шудааст, "ин амал идомаи фишорҳо ва фазосозиҳоест, ки алайҳи ҲНИТ аз тарафи доираҳои муайян сурат мегирад."
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, шӯрои сиёсии ҳизбаш дар баробари маҳкум кардани ин ҳодиса, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, то фармоишгарон ва иҷрогарони латукӯби сардабири "Наҷот"-ро ошкор ва ба ҷавобгарӣ бикашад.
Масъулони ин ҳизб аз заъфи арзишҳои мардумсолорӣ, озодии виҷдон ва матбуот низ изҳори ташвиш кардаанд.
Онҳо гуфтаанд, "ҳоло усулҳои авторитарии идораи давлат, фасоди моливу идорӣ, нақзи ҳуқуқҳои диниву сиёсии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ниёзу хостаҳои мардум" бештар ба мушоҳида мерасанд.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода аз тарафи афроди номаълумро баррасӣ мекард, гуфтааст, ба ҷои муколама ва ҳамкорӣ шеваҳои номатлуби муносибат бо ҳизбҳои сиёсии мухолиф пеш гирифта шудааст, ки "ин ҳама заминаро барои ворид шудани кишвар ба як марҳилаи носолими сиёсӣ фароҳам меорад."
"Бахусус, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ комилан аз чорчӯби рақобати солими сиёсӣ берун рафт, ки нишонаҳои он дар мавқеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии намояндагони мақомоти давлатӣ зоҳир мегарданд",-гуфта шудааст дар ин изҳорот.
Нигаронии созмонҳои хабарнигорӣ
Дар ҳамин ҳол, созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ҳам бо пахши баёнияе аз латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода изҳори нигаронӣ кардаанд.
Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, НАНСМИТ, “Медиа-Алянс” ва “Бунёди Индем” бо пахши изҳороти муштарак аз мақомоти интизомӣ тақозо кардаанд, то ин қазия “ба таври ҷиддӣ” тафтиш шавад.
Ин созмонҳо латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” аз сӯи афроди номаълумро “амали ваҳшиёна” хондаанд.
Онҳо навиштаанд, “дар ҷомеаи демократӣ сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатии на танҳо журналист ва шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест. Бо чунин шева қасос гирифтан аз одамон ҷиноят буда, бар асоси қонун бояд мавриди ҷазои сахт қарор бигиранд.”
Ҳикматулло Сайфуллозода субҳи рӯзи ҳафтуми феврал дар назди манзили худ аз сӯи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт. Вай ҳоло дар беморхонаи “Қарияи Боло”-и шаҳри Душанбе бистарист.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон агарчӣ мегӯяд, ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст, вале то ҳанӯз дар ин бора парванда боз накардааст.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақии Тоҷикистон (НАНСМИТ), гуфт, созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон омода ҳастанд, ин қазияро мавриди таҳқиқоти журналистӣ қарор дода, ба мақомоти интизомӣ барои ошкор кардани “афроди номаълум”-е, ки Ҳикматулло Сайфуллозодаро латукӯб кардаанд, кӯмак намоянд.