Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 мақоми давлатӣ барои худкушии соҳибкор боздошт шуданд


Дар шимоли Озарбойҷон ду мақоми расмӣ дар робита бо худкушии як соҳибкори маҳаллӣ боздошт шудаанд. Бино ба хабарҳо, Ҳикмат Салимови 59 сола ба нишонаи эътироз бар зидди хароб кардани мағозаи масолеҳи бинокориаш 3-юми феврал аз аз болои пули Шекӣ худро партофтааст. Додситонӣ таъйид кардааст, ки парвандаи ҷиноӣ ба зидди ду мақоми давлатӣ оғоз шудааст, зеро онҳо аз мақоми худ суистифода кардаанд ва қонунҳоро дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ поймол намудаанд. Онҳо чанд дафъа ба мағоза омадаанд ва дастурҳои ғайриқонунӣ додаанд.
XS
SM
MD
LG