Полиси вилоятии Қандаҳор гуфт, дирӯз як навраси афғон дар назди гурӯҳе аз сарбозони амрикоӣ ва мақомоти гумруки Афғонистон дар посгоҳи гумрукии наздикии шаҳри Қандаҳор худро мунфаҷир сохтааст. Муҳаммад Муҷоҳид-раиси полис гуфтааст, дар миёни кушташудагон сарбозони Амрико ва афғонҳо будаанд, вале дар бораи шумораи кушташудагон маълумот надодааст. Сухангӯи нируҳои НАТО дар Афғонистон низ ин ҳамларо таъйид кардааст.