Имшаб боз садҳо нафар тазоҳуркунандагон ба майдони Таҳрири Қоҳира рехтанд ва истеъфои Ҳуснӣ Муборакро тақозо карданд. Имрӯз понздаҳумин рӯзи тазоҳуроти эътирозист. Ҳукумат эътироф кардааст, ки дар Қонуни Асосӣ тағирот ворид меорад. Бо вуҷуди талошҳои ҳукумати Миср барои хотима додан ба ду ҳафтаи тазоҳурот дар майдони Таҳрири Қоҳира эътирозҳо ҳанӯз идома дорад. Рӯзи якшанбе ҳукумат бо намояндагони баъзе аз гурӯҳҳои мухолифин музокира анҷом дод. Вале мухолифон ин музокиротро барои ислоҳот кофӣ намедонанд. Ҳукумат мегӯяд, Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳур бояд дар сари қудрат бимонад ва бар ҷараёни ислоҳот назорат барад.