Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва нашрияҳо


Баррасии даъвои Анвар Тағоймуродов алайҳи нашрияи "Азия-Плюс", ба далели ҳозир нашудани ҷониби даъвогар, ба 14-уми феврал ба таъхир андохта шуд.

Қарор буд, имрӯз мурофиаи пешакии парвандаи мазкур доир шавад. Қозии парвандаи мазкур гуфтааст, ки рӯзи 14 -феврал ба баррасии бевоситаи моҳияти даъво оғоз хоҳад кард. Аммо масъулини ҳафтаномаи «Азия плюс» мегӯянд, ба ин гуна сурат гирифтани баррасӣ мувофиқ нестанд.

Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия плюс» мегӯяд: «Додрас ба таърихи рӯзи 14 -уми феврал баррасии масъаларо тайин кардааст. Вале мо ба ин мувофиқ нестем ва талаб дорем, ки қабл аз оғози мурофиа бояд баррасии пешакӣ сурат бигирад. Ӯ ба ин талаби мо розӣ шуд, вале ба ҳар сурат боз ҳам ба сурати хаттӣ додхост пешниҳод хоҳем кард».

Мақомоти додгоҳи Фирдавсӣ низ дар доир намудани мурофиаи пешакӣ мушкилеро намебинанд ва гуфтаанд, ки рӯзи 14 феврал чунин баррасие доир хоҳад шуд. Баррасии муқадамотӣ ба маънои он аст, ки ҷонибҳо ба даъво ошно шуда ва пешниҳоди ҳалли қабл аз баррасии додгоҳиро таъйид ё рад мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби даъвогар ё вакили ӯ дар додгоҳ ҳозир нашуд ва барои расонаҳо ҳамчунон то кунун дастнорас мондаанд.

Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба сурати инфиродӣ ба додгоҳ аз болои нашрияи «Азия плюс» шикоят бурда ва гуфтааст, ки дар матлабе зери унвони “Тафтишот ё инквизитсия?”, ки ба қалами хабарнигор Рамзия Мирзобекова тааллуқ дорад, таҳқир ва тавҳин шудааст.

Хонум Мирзобекова дар ин матлаб саҳнаҳое аз шиканҷаи боздоштшудагон тавассути кормандони раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД-ро аз қавли ҷабрдидагон ва шоҳидон тасвир карда аст.

Анвар Тағоймуродов дар аризаи даъвогии худ ҳатто таъкид кардааст, ки шояд муаллифи мақола ва хабарнигорони дигар омилони ҳамлаи интиҳории Хуҷандро мешинохтанд ва аз нияти онҳо огаҳӣ ва эҳтимолан бо онҳо ҳамкорӣ доштанд.

Акнун масъулини «Азия плюс» мегӯянд, бо даъвои муқобили даъво ба додгоҳи мазкур шикоят хоҳанд бурд. Зеро ҳамкори терористон унвон шудани хабарнигорон дар ҳаққи онҳо тӯҳмат аст.

То кунун созмонҳои миллии хабарнигорӣ, аз ҷумла ИЖТ ва НАНСМИТ аз даъвои мазкур алайҳи нашрияи «Азия плюс» изҳори нигаронӣ карда ва ҳамчунин созмони «Хабарнигорони бидуни марз» низ дар баёнияе парвандаи додгоҳӣ алайҳи ин нашрияро фишор ба озодии матбуот дар Тоҷикистон унвон намудааст.

Аммо бо вуҷуди ин гуна изҳори нигарониҳо, дар пасманзари ҳамлаи имрӯз ба сардабири нашрияи «Наҷот», масъулини расонаҳо даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи рӯзномаҳоро як амри маъумулӣ ва усули ҷомеъаи шаҳрвандӣ унвон мекунанд.

Акбари Саттор

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, агарчанд даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи нашрияҳо кори хабарнигоронро мушкил мекунад, аммо боз ҳам беҳтар аз он чизест аст, ки имрӯз шоҳидаш шудем. Акнун нигаронии бештар аз бозгашт ба замони хушунат алайҳи хабарнигорон вуҷуд дорад.

Оқои Саттор мегӯяд: «Албатта даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи расонаҳо зиёд шудааст. Аммо боз ҳам ин аз он беҳтар аст, мавриди ҳамла қарор бигирӣ, бо автомати калашкинов ба сарат меоянд ва ё туро таъқиб менамоянд. Зеро даъвои додгоҳӣ як муборизаи ошкоро аст. Ҷониби даъвогар даъвои худро пешниҳод мекунад ва мегӯяд, ки ба ин ё он чиз мувофиқ нест. Ман умедворам он қазияи "Азия плюс" ҳалли худро хоҳад ёфт».

Коршиносон мегӯянд, ки танҳо роҳи коҳиши даъвоҳо алайҳи нашрияҳо бо ҳар воситае дар баҳсҳои додгоҳии феълӣ пирӯз омадани нашрияҳост, ки оташи даъвогарони дигарро паст хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир, дар додгоҳи ноҳияи Сино низ парвандаи дигар алайҳи нашрияи «Азия плюс» ва инчунин «Фараж» ва «Озодагон» дар ҳоли баррасӣ аст. Се қозии додгоҳҳои Тоҷикистон аз додгоҳ тақозо кардаанд, ки ин нашрияҳоро мутаваққиф ва инчунин 5 милион сомонӣ ҷарима кунад. Ин се қозӣ мегӯянд, нашрияҳои мазкур бо нашри изҳори назари як вакили дифоъ обрӯ ва иззати онҳоро зери по кардаанд.

Аммо додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар ҷарима бастани нашрияҳо таҷриба ҳосил кардааст. Дар солҳои гузашта ин додгоҳ ду хабарнигор, Мухтор Боқизода ва Ваҳҳоб Одинаро шартан аз озодӣ маҳрум карда буд.

Дар соли гузашта низ инчунин ҳамин додгоҳ нашрияи «Пайкон»-ро барои паст задани шаъну эътибори идораи «Тоҷикстандарт» бештар аз 200 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Ҳамчунин парвандаи дигаре дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи нашрияи «Миллат» дар ҳоли баррасӣ аст. Вазири кишоварзии Тоҷикистон даъво дорад, ки дар матлабе роҷеъ ба фасод дар ин нашрия мавриди тӯҳмат қарор гирифта ва хостори пардохти 1 миллион сомонӣ шудааст. Қарор аст фардо, 8-уми феврал барраси ин даъво дар додгоҳи Фирдавсӣ идома пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG