Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров изҳороти Канро "ғайридипломатӣ" номид


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, изҳороти ахири сарвазири Ҷопон дар робита ба Курили ҷанубиро “ғайридипломатӣ” номид. Наото Кан имрӯз дар як гирдиҳамоӣ дар Токио сафари се моҳ пеши раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба ҷазираҳои Курили ҷанубиро чун “дағалии нобахшиданӣ” арзёбӣ карда буд. Ин ҷазираҳоро Ҷопон “қаламрави шимоли”-и худ мехонад. Дар гирдиҳамоӣ бо талаби бозгардони ин ҷазираҳо тақрибан якуним ҳазор нафар ширкат доштанд.
Ҳамасола 7 феврал дар Ҷопон рӯзи қаламрави шимолӣ таҷлил мешавад. Имрӯз намояндагони як ҳизби ростгарои Ҷопон бо парчами пора-пораву таҳқиршудаи Русия дар канори сафорати Русия дар Токио ҷамъ омада, хостори бозгардони ҷазираҳои Курил шуданд.
XS
SM
MD
LG