Ин ҳизби то ҳол мамнӯъ қасд дорад, дар музокироте, ки рӯзи якшанбе бо давлат ба манзури хатми бӯҳрони сиёсии ин кишвари арабӣ шурӯъ шуд, ширкат биварзад.
Ноиби раисҷумҳури Миср Умар Сулаймон рӯзи якшанбе бо гурӯҳҳои умдаи мухолифин, аз ҷумла "Ихвон-ул-муслимин", мулоқот кард. Дар ин баҳсҳо чанде аз гурӯҳҳои хурд, ҳуқуқдонҳо ва намояндаи маъруфи мухолифин Муҳаммад Ал-Бародаӣ низ ширкат кардаанд.
"Аз талаби истеъфои Муборак даст намебардорем"
"Ихвон-ул-муслимин" ҳанӯз то шурӯи музокирот эълон кард, ки ҳамчунон аз талаби аслии эътирозгарон - истеъфои билофосилаи раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак ҳимоят мекунад.
Музокироти рӯзи якшанбе нахустин музокирот байни давлати Миср ва гурӯҳи бунёдгарои "Ихвон-ул-муслимин" буд.
Муборак ҳайати кобинаашро тағйир дода, ваъдаи ислоҳот низ кард ва раҳбарияти ҳизби ҳокими миллӣ-демократии ӯ низ рӯзи шанбе ба истеъфо рафт. Аммо ин президенти 82-сола, ки аз соли 1981, инак 30 сол боз идораи умури Мисрро дар панҷаҳои оҳанинаш нигоҳ доштааст, исрор меварзад, ки то анҷоми давраи кунунии раёсаташ, яъне то моҳи сентябр дар мақом хоҳад монд.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз музокироти Умар Сулаймон бо гурӯҳҳои мухолифин муҳтотона пуштибонӣ кард. Аммо дар шарҳе, ки зоҳиран ба гурӯҳҳои исломгаро тааллуқ мегирад, хонум Клинтон алайҳи нерӯҳое ҳушдор дод, ки “талош мекунанд, то ин равандро ба хотири таъқиби аҳдофи вижаи худ тағйир диҳанд ё зери назорат биоранд.”
Гурӯҳи тундрав ё ҷунбиши иҷтимоӣ?
Аммо нозирони умур мегӯянд, "Ихвон-ул-муслимин" чандон гурӯҳи тундраве нест, ки тасаввур мешавад. Элизабет Арротт, раҳбари дафтари “Садои Амрико” дар Қоҳира аз ҷумла ба ин назар аст: “Бисёриҳо вақте бори аввал дар бораи "Ихвон-ул-муслимин"-и Миср мешунаванд, фикрашон рӯи Ҳамос ё ҳатто Ал-Қоида меравад. Яъне созмонҳое, ки баъдан аз баданаи ин гурӯҳи аз Миср оғозгирифта ҷудо шудаанд. Аммо ба дунболи як силсилаи бузурги хушунатҳо аз сӯи аъзояш, ин гурӯҳи аслӣ дар ин ҷо бештар ба як ҷунбиши иҷтимоӣ монанд шудааст.”
Ҳарчанд ҳадафи "Ихвон-ул-муслимин" таъсиси давлати исломӣ дар Миср боқӣ мемонад, ин гурӯҳ мегӯяд, қасди ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур кардани занонро, барои мисол, надорад ва ахиран ҳатто ба таъсиси “як давлати демокративу шаҳрвандӣ” дар Миср даъват кард.
Бо ин вуҷуд ки фаъолияти ин гурӯҳи умдаи мухолиф расман манъ шудааст, намояндагони он дар интихоби соли 2005 дастикам 20 дарсади курсиҳои парлумони Мисрро ба даст оварданд. Дар интихоботи соли гузашта онҳо ҳатто ба як курсӣ ҳам дар парлумон ноил нашуданд, вале ин райъгирие буд, ки ба иддаои бисёриҳо, натоиҷаш ба нафъи ҳизби ҳокими миллӣ-демократии Ҳуснӣ Муборак дасткорӣ шуд.
"Мардум эътимод мекунад"
Элизабет Арротт, мудири дафтари “Садои Амрико” дар Қоҳира, мегӯяд, "Ихвон-ул-муслимин" ҳамчунон аз эҳтироми фарогире дар Миср бархӯрдор аст: "Онҳо дар инҷо пуштибонии зиёд доранд ва бештар ба далели иҷрои хадамоте, ки давлат аз ироааш оҷиз аст. Онҳо мактабҳову бемористонҳо ташкил додаанд, ҷамъиятҳои маҳаллие доранд, ки дар воқеъ барои бисёре аз мардум мисли як шабакаи амниятӣ шудааст. Аз сӯи дигар, ин як кишвари хеле мазҳабист ва "Ихвон-ул-муслимин" бо вуҷуди баста шуданаш, ба ҳайси барҷастатарин намояндаи ислом дар Миср аз мизони қобили мулоҳизаи эҳтиром бархӯрдор аст. Мардум ба он эътимод мекунанд.”
Тасмими давлати Миср ҷиҳати оғози музокирот бо "Ихвон-ул-муслимин" гумонҳоеро доман зад, ки шояд ин гурӯҳ дар аҳди баъди Ҳуснӣ Муборак ба як нерӯи асосии сиёсӣ дар баробари аҳзоби дигари мухолиф табдил шавад.
Хабари шурӯи музокироти байни давлат ва мухолифин дар ҳоле нашр шуд, ки 13 рӯз боз эътирозҳо дар саросари Миср алайҳи ҳукумати сисолаи Муборак идома дорад. Дар майдони Таҳрири Қоҳира – маркази ин эътирозҳо- ҳамчунон ҳазорон тазоҳургар боқӣ мондаанд. Онҳо мегӯянд, то замони суқути давлати Муборак аз ин майдон нахоҳанд рафт.
Муҳаммад, яке аз ин эътирозгарон гуфт: “Мо дар инҷоем, ки алайҳи раисиҷумҳури Миср эътироз кунем. Ва то даме ки ӯ аз кишвар наравад, мо инҷо хоҳем монд.”
Нигоҳ аз Тоҷикистон
Бо ин ҳол, рӯзи якшанбе бонкҳои Миср, ки тайи як ҳафтаи охир ба далели нооромиҳо таътил гирифта буданд, дарҳои худро дубора ба рӯи мизоҷон боз карданд. Бисёре аз мисриён, ки онҳоро андешаи дар суратҳисобҳои бонкӣ мунҷамид шудани пасандозҳояшон дар ҳоли нигаронӣ андохтааст, талош доранд, пулҳои худро аз бонкҳо берун бикашанд.
Аммо оё эътирозҳое ки дар Миср, инак, 13 рӯз боз алайҳи ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак идома дорад, то куҷо падидае ғайриинтизор буд ва то куҷо – натиҷаи сиёсатҳои режими ҳоким ва нодидагириҳои хостҳои мардум аз сӯи он? Бо ин суол рафтем ба сӯҳбати таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад.

Ин гурӯҳ мегӯяд, қасди ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур кардани занонро, барои мисол, надорад ва ахиран ҳатто ба таъсиси “як давлати демокративу шаҳрвандӣ” дар Миср даъват кард...

Дар майдони Таҳрири Қоҳира – маркази ин эътирозҳо-ҳамчунон ҳазорон тазоҳургар боқӣ мондаанд. Онҳо мегӯянд, то замони суқути давлати Муборак аз ин майдон нахоҳанд рафт...