Сӯҳроб Мӯъминов, халабони 29-солаи тоҷик, ки 2 моҳ қабл, дар парвоз бо ҳавопаймои бузурги "Боинг" ҳамчун халабони дараҷаи дуввум ширкат мекард, ҳоло ҳавонаварди дараҷаи аввал аст ва масъулияти сафари бехатари даҳҳо нафарро ба ӯҳда дорад.
Нахустин парвозҳои худро Сӯҳроб даҳ сол қабл, дар тайёраҳои Шӯравӣ оғоз кардааст. Ин халабони ҷавон мегӯяд, ба парвоз даровардану идораи як мошини бузурги оҳанин дар баландиҳои дур кори саҳл нест ва ба қавли ӯ аз 11 нафаре, ки якҷо бо ӯ таълими халабонӣ гирифтаанд, имрӯз танҳо 6 нафари онҳо имкони идораи ҳавопайморо доранд.
"Парвоз кардан, кори саҳл нест. Ҳамеша бояд дар фикри корат бошӣ. Бисёр хондану донистан ва саломатии хуб доштан лозим аст. Вақте мо дар кабинаи ҳавопаймо мешинем, медонем, ки дар қафои мо 170-180 мусофир аст, фикри онҳоро мекунем ва кӯшиш мекунем онҳоро аз як кишвар ба кишвари дигар сиҳҳату саломат бирасонем. Вале бо вуҷуди мушкилиҳо ин касбро мо дӯст медорем, дониста рафтам ба ин роҳ, касби ҷолиб аст, бисёр забон медонӣ ва ҷаҳонро мебинӣ",-афзуд Сӯҳроб.
"Халабонҳои тоҷикро Қазоқистон омода мекунад"
Ин ҳавонаварди ҷавон дар аввал мисли аксари ҳамсолони худ орзуи ҳуқуқшинос шуданро доштааст, вале бо роҳнамоии падар ба бахши ҳавонавардӣ меравад. Ӯ бо кӯмаки ширкати "Тоҷик Эйр" мактаби ҳавонавардиро дар Қазоқистон хатм карда, чанд сол дар ин ширкат фаъолият намудааст. Вале баъдан бо маоши баландтар ба ширкати "Сомон Эйр" даъват мешавад.
Файзулло Сатторов, ҳавонаварди бузурги ширкати "Сомон Эйр", ки таҷрибаи бештар аз 20-солаи ҳавонавардӣ дорад, мегӯяд, ҳоло теъдоди халабонҳои ин ширкат ба 26 нафар мерасад ва аз ин миён ҳудуди 7 нафари онҳо ҷавонони то сисолаанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Файзулло, имрӯз зиёданд ҷавононе, ки орзуи "лётчик" ё халабон шуданро доранд, аммо ба қавли ӯ ба фарқ аз даврони Шӯравӣ ҳоло на ҳамаи онҳо метавонанд соҳиби ин касб шаванд.
Пул набошад, "лётчик" намешавӣ?
Номбурда меафзояд, барои омода кардани як халабони ҷавон беш аз 100 ҳазор доллар зарур аст ва ҳамин мушкили иқтисодиву набуди омӯзишгоҳҳои махсуси ҳавопаймоӣ боис мешавад, то аксари ҷавонони халабоншав, ин орзуи худро фаромӯш созанду интихобашонро дигар кунанд.
Ин ҳавонаварди калони ширкати "Сомон Эйр" афзуд: "На ҳар кас метавонад маблағи зиёд сарф кунад, то ҳавонавард шавад. Худи шумо медонед, ки дар ҳоли ҳозир нархи як тонна сӯхте, ки барои ҳавопаймо сарф мешавад, чӣ қадар нарх дорад. Баъдан на камтар аз 150 соат лозим аст, то довталаб парвоз намояд ва танҳо баъд аз ин корхонаи ҳавопаймоӣ метавонад ин ҷавонро ба ҳайси халабон ба кор ҷалб кунаду интиқоли одамону идораи тайёраро ба ӯ бовар кунад."
Ҳоло як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик бо кӯмаки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дар мактабҳои вижаи ҳавонавардии Қазоқистону Қирғизистон таълими халабонӣ мегиранд. Аммо ба гуфтаи Файзулло Сатторов, ин мактабҳо ҳам наметавонанд, муттахассисон барои ҳавопаймоҳои муосирро омода созанд.
Ширкати "Сомон Эйр" халабонҳоро барои омӯзиши парвоз бо ҳавопаймоҳои ҷадиди "Боинг", ба кишварҳои Аврупо ва Туркия мефиристодааст.
Ҳамчунин бо кӯмаки молии ширкати "Тоҷик Эйр" имрӯз 13 ҷавони тоҷик дар омӯзишгоҳи олии ҳавонавардии Минск, пойтахти Белорусия, парвоз бо тайёраҳои ҷадиди ғарбиро меомӯзанд.
"Тоҷик Эйр" ба мушкили мутахассисон рӯ ба рӯст
Валерий Шарипов, муовини раҳбари ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" мегӯяд, ин ширкат барои омода кардани халабонҳо маблағи зиёд сарф мекунад, аммо бо ин ҳам, як муддат ба мушкили шадиди мутхаасисон рӯ ба рӯ шуд. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Шарипов, аксар халабонҳои таълимдодаи онҳо бо маоши баландтар ба дигар ширкатҳо даъват шудаанд ва бархе ҳам аслан тарки кишвар кардаанд.
"Ҳоло мо бо кӯшиши худ 4 сардори ҳавопаймои "Боинг 757", 8 сардори ҳавопамои "Боинг 737" ва 5 халабони дуввумро омода кардем, ки албатта омода кардани сардору халабонҳои калони ҳавопаймоҳои бузургу ҷадид барои як ширкати ҳавопаймоӣ хидмати бузург аст. Ҳоло анъана шудааст, ки ҳар як парвози мустақилонаи як нафар, ин барои ширкат ид аст, ин рӯзи таваллудшавии боз як халабони ҳирфаӣ аст. Мо ҳамеша ӯро бо гулдастаҳо пешвоз мегирему табрик мекунем",- илова кард Валерий Шарипов.
Аммо дар маҷмӯъ барои халабон шудан, ба қавли Файзулло Сатторов, ҳавонаварди таҷрибадори тоҷик пеш аз ҳама аз ҷавонон саломатӣ ва дониши хуб тақозо мешавад.
Вай мегӯяд, "муассисаҳои махсуси тандурустӣ ҳастанд, ки саломатии онҳоро ташхис мекунанд. Он ҷавоне, ки орзуи халабон шуданро дорад, баъд аз он ки аз ташхиси тиббӣ мегузарад, ба санҷишӣ фаннӣ омодагӣ мегирад. Танҳо пас аз супоридани имтиҳонҳо метавонад ба таҳсил дар мактабҳои ҳавонавардӣ шурӯъ кунад."
Сӯҳроб Мӯъминов, халабони ҷавони тоҷик, ки аз 20-солагии худ ба парвоз шурӯъ кардааст ва ҳоло парвозҳоро мустақилона анҷом медиҳад, мегӯяд, ки то ҳол худро мутахассиси ҳирфаӣ намеҳисобад, зеро бо рушди фанновариҳои муосир ин пеша ҳам аз халабон омӯзиши пайвастаро талаб мекунад.

Ҳоло теъдоди халабонҳои ширкати "Сомон Эйр" ба 26 нафар мерасад ва аз ин миён ҳудуди 7 нафари онҳо ҷавонони то сисолаанд...

Барои халабон шудан, ба қавли Файзулло Сатторов, ҳавонаварди таҷрибадори тоҷик, аз ҷавонон саломатӣ ва дониши хуб тақозо мешавад...