Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Қазоқистон ба рӯзи 3 апрел таъйин шуд


Интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 3 апрел доир хоҳад шуд. Рӯзи интихобот дар пайи нашри қарораш дар матбуоти расмии ин кишвар ниҳоӣ шуд.
Раҳбари феълии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ин ҳафта пешниҳоди тамдиди замони раёсаташ то соли 2020 аз роҳи райъпурсиро радд ва баръакс ба баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат даъват кард. Давраи кунунии раёсати Назарбоеви 70-сола, ки аз соли 1989, инак 22 сол боз бар ин кишвари саршор аз захоири табиии Осиёи Марказӣ ҳукумат меронад, дар соли 2012 поён меёбад.
XS
SM
MD
LG