Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Миср ба Осиёи Миёна таъсире хоҳад гузошт?


Чашми ҷаҳониён ба Миср дӯхта шуддааст, аммо ҳеҷ кишваре ба андозаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон, ба он таваҷҷуҳ надоранд.

Баъзе аз ин кишварҳо ки аксарият нуфуси онҳоро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, баъд аз кишварҳо арабӣ дар саф истодаанд.

Ҳоло, ки тазоҳурот дар баъзе кишварҳои ҷаҳони араб режимҳои истибдодиро ба шикаст мувоҷеҳ кардааст, ин суол матраҳ мешавад ки оё айни амал дар Тошканд ва Боку ҳам воқеъ хоҳад шуд?

Маркази хабарии Радиои Озодӣ дар ин бора менависад:

Дар оғоз биёед шиорҳоеро, ки дар майдони Таҳрири Қоҳира ба гӯш мерасад бо шиорҳо дар Боку муқоиса кунем. Ба рӯшанӣ шунида мешавад, ки сиёсатмадорони опозитсиюни Озарбойҷон шиори «истеъфо»- ро такрор мекарданд ва хоҳони истеъфои ҳукумат ҳастанд.

Озариҳо дар ин ҳафта барои гиромидошт аз солгарди Муҳаммадамин Расулзода, ки яке аз муассисини ҷумҳурии демократики Озарбойҷон ба шумор мерафт, ҷамъ шуда буданд. Ин ҷунбиши Озарбойҷон дар соли 1920 бо ишғоли ин минтақа тавассути Шӯравии собиқ хотима ёфт, вале озариҳо ҳанӯз ҳам аз он ёдбуд ба амал меоваранд.

Дар тамоми сарзаминҳои ҷанубии Шӯравии собиқ, мардум ҳодисаҳои Мисрро бо ҳаяҷон дунбол мекунанд.Дар кишварҳое монанди Озарбойҷон, Қазоқистон ва Узбакистон мардум ба раҳбарони худкомаи худ нигоҳ мекунанд ва ба ин меандешанд, ки оё ин раҳбарон ҳам монанди Ҳуснӣ Муборак баъд аз 30 соли ҳукумат ба чунин як иқдоми мардумӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд?

Дар ин кишварҳо ҳам ба монанди Миср норозигӣ ба хотири фақр, фасоди идорӣ ва зулми ҳукумат дида мешавад. Раиси ҳизби мухолифи ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон Алӣ Каримлӣ мегӯяд тазоҳурот дар Миср, Тунис, Яман чашми мардуми ин кишварро низ боз кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Илҳом Алиев, раҳбари Озарбойҷон, ки муҷассамаи Муборакро дар Боку баланд кардааст, бо баъзе аз раҳбарони кишварҳои араб робита барқарор кардааст, бояд ба ин ҳолат таваҷҷуҳ кунад.

Вай мегӯяд: «Тамоми озариҳо медиданд, ки Илҳом Алиев дар мулоқот бо диктаторҳои араб то чи ҳадд эҳсоси роҳатӣ мекард. Ӯ бо онҳо равобити ҳасана барқарор карда буд ва ин кишварҳоро ба ҳайси як намуна барои Озарбойҷон медид. Ҳоло тамоми мардум, ки ин кишварҳоро ба ҳайси намуна медиданд, ба гумони ғолиб, маъюс мебошанд. Бо тамошои ин таҳаввулот шумо ба ин натиҷа мерасед, ки ҳаракати демократии ҷаҳонӣ акнун сареътар мешавад ва барои диктаторон дигар кишварҳои паноҳдиҳанда вуҷуд нахоҳад дошт.»

Дар Қазоқистон, ки раҳбари он Нурсултон Назарбоев аз даҳҳо сол ба ин сӯ бар қудрат такя задааст, дарсҳои Миср таъсир гузоштааст ва ҷаноби Назарбоев як ҳамапурсиро барои тамдиди давраи раёсати ҷумҳуриаш лағва карда, дар иваз хоҳони интихоботи қабл аз вақт дар он кишвар шудааст.

Мушовирини Назарбоев иддао мекунанд, ки тасмими раиси ҷумҳур ҳеҷ иртиботе ба ҳодисаҳои Миср надорад. Назарбоев яке аз раҳбаронест, ки барои муддати тӯлонӣ ҳукумати истибдодиро дар Осиёи Миёна раҳбарӣ мекунад ва дигари он раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мебошад.

Дар ин кишвар расонаҳои давлатӣ дар мавриди ҳодисаҳо Миср маълумоти маҳдуд медиҳанд. Баъзе аз рӯзномаҳои ин кишвр дар тафсирҳои худ менависанд, ки чунин ҳаракатҳо гӯё кишварҳои Ховари Миёнаро ба самти ифротгароии исломӣ мекашонад. Ҳатто ҳукуматҳои миёнарав монанди Қирғизистон ҳам ба ин назаранд, ки танҳо режимҳои худашон метавонанд сади роҳи ҳаракатҳое монанди Ҳаракати исломии Узбакистон шаванд.

Аммо коршиносон умури Осиёи Марказӣ ба ин назаранд, ки Каримов мавзӯи исломро ҳамеша ба ин хотир зинда нигоҳ медорад, ки ғазаби мардум дар мавриди фасоди идорӣ ва фақр таҳти шуои он қарор гирад. Як коршиноси амрикоӣ ба як мушкили дигаре ҳам ишора карда мегӯяд: «Чизи дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки бо ин ҳолатҳо ҳамгом мебошад, махсусан дар робита ба Каримов ва Назарбоев. Ин ду нафар пирамард шудаанд ва ҳар рӯз пиртар ва пиртар мешаванд. Онҳо шояд фардо қувват накунанд, аммо ба ҳар андоза, ки онҳо пир мешаванд, интизорот барои интиқоли қудрат бештар мешавад ва ин итминон ҳолатеро эҷод хоҳад кард, ки дар гузашта собиқа надоштааст.»

Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло мавзӯи сирояти вазъи Миср бошад ва ё тарс аз зуҳури исломи ифротӣ, Каримови 72 сола ва Назарбоеви 70 сола ҳеҷ амале барои ҷилавгирӣ аз он анҷом дода наметавонанд.
XS
SM
MD
LG