Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҷаҳони варзиш”: Ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи осиёӣ


Дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона расми ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ барпо гардид.

Дар ин маросим, ки дар варзишгоҳи “Остона-Арена” бо ҳузури 30 ҳазор тамошобин сурат гирифт, ҳайатҳои варзишии 27 кишвари қора иштирок доштанд.

Дар ин маросим Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, гуфт, ки Бозиҳои VII зимистонаи осиёӣ бузургтарин сабқати варзишгарони қораест, ки нисфи аҳолии олам дар он ҷо ба сар мебаранд. Вай афзуд: “Варзиш сарҳад надорад, халқҳоро муттаҳид месозад. Имсол барои аввалин бор дар таърихи Бозиҳои зимистонаи осиёӣ, ки дар Қазоқистон баргузор шудаанд, шумораи кишварҳои ширкаткунанда ба 27 расид. Ҳудуди 1000 варзишгар барои дарёфти медалҳо дар 11 навъи варзиш мубориза хоҳанд бурд. Бо Бозиҳои зимистонаи осиёӣ мо чорабиниҳоро бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ватани худ оғоз мекунем. Ман орзу дорам, ки дар муборизаи мунсифона варзишгарони арзанда пирӯз шаванд. Бигузор, машъали муқаддаси Бозиҳои осиёӣ парчами дӯстии ҷовидона гардад”.

Дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ Тоҷикистонро ду нафар – Алишер Қудратов ва Абдуғаффор Шарифов дар лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ мекунанд. Ҳарду варзишгари тоҷик дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи Super-G ширкат варзиданд. Дар ин сабқат 24 варзишгар аз 14 кишвар қувва озмуданд ва 20 нафарашон ба марра расиданд. Алишер Қудратов бо натиҷаи 1 дақиқаю 15,83 сония ҷои 11-ум ва Абдуғаффор Шарифов бо натиҷаи 1 дақиқаю 20,91 сония ҷои 15-умро касб карданд.

Дар ин навъи рақобатҳо Игор Закурдаеви қазоқистонӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тиллои бозиҳо сарфароз гардид. Ҳамдиёри ӯ Дмитрий Кошкин дуввум шуд ва соҳиби медали нуқра гашт. Муҳаммад Киёдорбандсарии эронӣ дар мақоми саввум қарор гирифт ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Муҳаммадшо Абдуллоев, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт: “Рӯзи ҷумъаи 4-уми феврал ҳарду лижарони тоҷик дар навъи Super Combined Super-G иштирок карданд. Дар ин навъи рақобатҳо 21 варзишгар аз 12 кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Лубнон, Муғулистон, Тайван, Тоҷикистон, Узбакистон, Урдун, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон қувваозмоӣ карданд. 17 нафар ба марра расиданд. Абдуғаффор Шарифов бо натиҷаи 1 дақиқаю 13,37 сония ҷои 12-ум ва Алишер Қудратов бо натиҷаи 1 дақиқаю 13,70 сония ҷои 13-умро касб карданд. Дар ин навъи рақобатҳо низ Игор Закурдаеви қазоқистонӣ бо натиҷаи 1:03,52 ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тиллои бозиҳо сарфароз гардид. Донгҳун Ҷунг, аз Кореяи Ҷанубӣ, бо натиҷаи 1:04,40 дуввум шуд ва соҳиби медали нуқра гашт. Ҳамдиёри ӯ Вусунг Ким бо натиҷаи 1:05,13 дар мақоми саввум қарор гирифт ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд”.

Вале ҳарду лижарони тоҷик дар навъи Super Combined Slalom ба марра нарасиданд.Дар ин навъи рақобатҳо Донгҳун Ҷунги кореягӣ бо натиҷаи 1:45,70 ғолиб омад. Игор Закурдаеви қазоқистонӣ бо натиҷаи 1:45,82 дуввум шуд. Ҳамдиёри ӯ Вусунг Ким бо натиҷаи 1:47,74 дар мақоми саввум қарор гирифт.


Ҳудуди 70 нафар донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дохиланд. Ин нукта дар гузориши солонаи ин донишкада дар як нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, таъкид шуд.

Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, дари айни ҳол дар чаҳор факултаи донишкада беш аз 3000 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 167 нафар устодон таълим медиҳанд. Бархе аз донишҷӯёни Донишкадаи варзиш соли гузашта ба Тоҷикистон шӯҳрат оварданд. Масалан, Муродҷон Тӯйчиев дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин дар риштаи гуштии юнониву румӣ барандаи медали биринҷӣ гардид. Мавзуна Чориева дар риштаи бокс ба унвони қаҳрамони Осиё миёни занон даст ёфт. Ҳарду ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил шуданд.

Вале дар дар ин нишаст таъкид шуд, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, ки дар Тоҷикистон ягона макони тайёр намудани кадрҳои соҳаи варзиш аст, ба иншооти замонавии варзишӣ, бахусус, ҳавзи шиноварӣ ниёз дорад.

Шодӣ Сафаров, инчунин, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки имсол Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 40-сола мешавад ва ба ин муносибат як қатор чорабиниҳо, аз он ҷумла спартакиадаи донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.


Ким Клейстерс, теннисбози белгиягӣ, дар Australian Open, ки аввалин сабқати «Большой шлем» ё «Тоскулоҳи бузург» аст, ғолиб шуд. Вай дар сабқати ниҳоӣ бар Ли На, теннисбози Чин, бо ҳисоби 3:6, 6:3, 6:3 пирӯз гашт. Ким Клейстерс барои аввалин бор дар мусобиқот ғалаба кард. Ӯ пеш аз ин се бор дар мусобиқоти қаҳрамонии кушодаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – US Open пирӯзӣ ба даст оварда буд. Ли На бошад, ягона теннисбози Чин аст, ки ба финали Australian Open баромадааст.

Шералӣ Достиев, муштзани маъруфи тоҷик, собиқ қаҳрамони Осиё ва барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар Карлос Ривейрои амрикоӣ aз рӯи холҳо пирӯз шуд. Ин ғалабаи 8-уми Шералӣ Достиев дар бокси ҳирфаист. Вай дар 9 қувваозмоӣ танҳо яктоашро мусовӣ анҷом додааст.

Тими футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон, ки аз 20-уми феврал то 1-уми март баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Бозиҳои ин мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Ишқобод ва Ободон баргузор хоҳанд шуд. Дар мусобиқаи имсола ширкати 10 бошгоҳи футбол аз 7 кишвар – Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон дар назар аст. Маблағи ҷавоизи ин мусобиқот 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои саввум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.

Вазген Манасян, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, сармураббии тими «Локомотив»-и Тошканд таъин шуд. Вай дар ин вазифа Тоҷмурод Оғомуродов, мутахассиси туркманро иваз кард. «Локомотив», ки маҷбур шуд лигаи олиро тарк намояд, имсол дар лигаи аввали футболи Узбакистон бозӣ мекунад. Вазген Манасяни 52-сола, ки дар Укроин ба сар мебурд, солҳои ахир тими «Стал»-и Днепродзержинскро машқ медод.
XS
SM
MD
LG