Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули ҳамла болои наққош 9 сол гирифт


Додгоҳи Дания як шаҳрванди Сомалиро бо ҷурми ҳамла болои муаллифи карикатураҳои пайғамбари ислом ба муддати нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Рӯзи панҷшанбе додгоҳи шаҳри Аарҳус иброз дошт, ки муҳаммад Геели 29-сола бо кӯшиши куштор ва кӯшиши терроризм муҷрим дониста мешавад. Геел дар рӯзи аввали соли нави гузашта ба хонаи Курт Вестергаард ворид шуда бо корд болои ин наққош ҳамла кард. Карикатураи Вестергаард яке аз 12 карикатура буд, ки баъди нашри он дар рӯзномаҳои Дания дар соли 2005-ум дар як идда кишварҳои исломӣ эътирозҳои хушунатомез ба вуқӯъ пайвастанд.

XS
SM
MD
LG