Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коммунистон аз зин фуромадаанд, аз узангу на...


Дафтари намояндагии Ҳизби коммунисти дар хобгоҳи Донишкадаи энергетика
Дафтари намояндагии Ҳизби коммунисти дар хобгоҳи Донишкадаи энергетика

Созмони минтақаии Ҳизби коммунист аз иҷрои амри ҳукумат ва қарори додситонӣ саркашӣ мекунад.

Дафтари Ҳизби коммунист феълан дар хобгоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа воқеъ буда, маъмурияти донишкада берун шудани коммунистонро аз ин бино талаб кардаанд.

"Коммунистҳо дар хобгоҳ"

Рустам Ҷалилов, ректори донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, мегӯяд, аз замони дархости донишкада ва ҳукумати маҳаллӣ барои холӣ кардани дафтари кории коммунистон беш аз як сол сипарӣ шуда, аммо масъулони ҳизб амри ҳукумат ва додситониро нодида мегиранд.

Рустам Ҷалилов
"Амри додситонии вилояти Хатлон оид ба озод кардани бинои хобгоҳи донишкада аз тарафи ҳизби коммунист содир шудааст. Ҳатто бо Шодӣ Шабдолов сӯҳбат доштем, ваъда шуд, ки ин масъаларо баррасӣ мекунанд. Баъд раиси ҳизби коммунист шарт гузошт, ки агар бинои ҳукумати вилояти Хатлонро, ки дар гузашта моли мо буд, холӣ кунед, мо аз ин ҷо меравем. Мо ҳам ба ҳукумати Тоҷикистон, ҳам ба ҳукумати Хатлон, вазорати энергетика ва саноат ва дигар мақомот мактабҳо навиштем дар ин масъала, ҳама мақомот аз дархости мо пуштибонӣ карданд. Лекин то ҳанӯз ин масъала ҳалли худро наёфтааст"
,-афзуд ректори донишкада.

Ҷаноби Ҷалилов афзуд, феълан донишкада бо камбуди ҳуҷраҳои хоб барои донишҷӯён мувоҷеҳ буда, барои беш аз 1 ҳазору 100 муҳассил танҳо 180 ҷой дар хобгоҳ муҳайё мебошад.

Вай афзуд, дар сурати тарки дафтар кардани коммунистони минтақа, коргоҳи онҳо низ ба ҳуҷраҳои хоби донишҷӯён бадал шуда, ҳудудан аз 20 то 30 нафар соҳиби хобгоҳ хоҳанд шуд.

Коммунистҳо: Бояд дафтари нав диҳанд

Талаби донишкада ва ҳукумати вилояти Хатлон дар мавриди берун кашидани коммунистон аз дафтари кории худ дар Қӯрғонтеппа бо мухолифатҳои шадиди коммунистони минтақа рӯ ба рӯ шудааст.

Тасмими, ба истилоҳ, "бехона" кардани коммунистҳо ба ин овардааст, ки раҳбари созмони минтақаии ҳизб Бӯрӣ Султонов ба бемории фалаҷ мубтало шуда, ҳамакнун сарварии ин созмони ҳизбиро Исмоил Талбаков, вакили парлумони кишвар аз ҳизби коммунистӣ, ба дӯш гирифтааст.

Исмоил Талбаков мегӯяд, қазияи дафтари кории ҳизбаш дар Қӯрғонтеппа танҳо дар сурати пешниҳоди мавзеи дигаре барои коргоҳи коммунистон роҳҳал пайдо хоҳад кард.

Исмоил Талбаков
"Раиси созмони минтақавии мо бемор шуд ва раҳбарияти ҳизб маро вазифадор кардааст, ки онро раҳбарӣ кунам. Мо ҳар моҳе бо коммунистони минтақа дар дафтари худ дар Қӯрғонтеппа ҷамъ меоем. Мо ҳизби сиёсӣ ҳастем, бояд дафтари корӣ дошта бошем. Дар гузашта ҳукумати вилояти Хатлонро дар бинои ҳизби мо ҷой доданд ва моро берун кашиданд, худашон коргоҳи моро дар хобгоҳи ҳамин донишкада ҷой карданд. Имрӯз, ки ин масъала боз ҳам ба миён омадааст, мо ҳозир ҳастем, ки онро тарк кунем. Аммо танҳо дар сурати он ки коргоҳи наве барои ҳизби мо муҳайё кунанд"
,-мегӯяд ин масъули коммунистҳо.

Ҷаноби Талбаков афзуд, аммо ҳукумати вилояти Хатлон то ҳол барои созмони минтақаии ҳизби коммунист мавзеи дигаре ҷудо накардааст, ҳарчанд талаби тарки дафтари корӣ менамояд.

"Ин ҳизби сиёсӣ заиф шудааст"

Хабари "бехона" шудани коммунистон дар Қӯрғонтеппа норозигии аъзои ин ҳизбро ба бор овард. Файзулло Абдуллоев, собиқ сарвари созмони хатлонии ҳизби мазкур, мегӯяд, мутаассиф аст, ки фаъолияти ин ташаккули сиёсӣ дар минтақа дар чанд соли ахир бисёр заиф шуда, коммунистон дигар имкони сарҷамъ омаданро надоранд: "Бисёр диламон месӯзад, афсӯс мехурем, ки ҳоло ҳамин ташкилот амалан вуҷуд надорад, заиф асту кор намекунад. Набояд чунин бошад. Магар коммунистон ҳамаашон гунаҳкор буданд? Одамон дар вақташ софдилона кор карданд, аз ин рӯ, бояд ақаллан собиқадорони ин ҳизб эҳтиром шаванд, барояшон шароити хуби кор бояд фароҳам шавад."

Абдувоҳид Саидов, як узви Ҳизби коммунист
Аммо Абдулвоҳид Саидов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки беш аз 40 сол боз узви Ҳизби коммунист буда, то ҳанӯз ҳаққи аъзогӣ месупорад, мегӯяд, ба барнома ва арзишҳои ҳизб эҳтиром мегузорад ва аз хабари бе дафтари корӣ мондани ҳизбаш дар Хатлон зиёд нороҳат шудааст.

"Ҳизби коммунист буд, давлати мо обод буд, зиндагии шоиста доштем. Акнун коммунистон ҳатто аз ҷойи ҷамъшавиашон ҳам маҳрум мешаванд. Душвор аст кори ҳизбро пеш бурдан, касе гапро гӯш намекунад, таъсир надоранд роҳбарони ҳизб ба кори мақомот. Хеле душвор аст",-гуфт ин узви Ҳизби коммунист.

Хатлон: "40 дарсади коммунистҳо ҷавононанд"

Ин ҳам дар ҳолест, ки Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, барои дубора фаъол кардани шохаҳои ҳизб дар вилояти Хатлон барномаи нави корӣ тарҳрезӣ шудааст. Вай гуфт, ҳизб талош хоҳад кард, то созмонҳои ҳизбӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон соҳиби дафтари кории худ бошанд.

Муовини раҳбари Ҳизби коммунист афзуд, вақте ҳукумат дар гузашта моликияти ин ҳизбро миллӣ кард, ҳизб ба додгоҳи қонуни асосии кишвар муроҷиат карда буд, аммо ин даъво натиҷа надод. Созмони минтақавии ҳизби коммунист аз бинои феълии ҳукумати вилояти Хатлон ба таҳхонаи ҳамин бино ва дар соли 2002-юм ба хобгоҳи донишкадаи энергетикӣ иҷборан кӯч дода шуд.

Феълан дар Қӯрғонтеппа дар миёни 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон, танҳо созмонҳои минтақавии ҳизбҳои халқӣ-демократӣ, наҳзати исломӣ ва коммунист соҳиби дафтари корӣ ҳастанд, аммо ахирӣ низ имкон дорад, ояндаи наздик ба сафи аҳзоби дигари "бехона" бипайвандад.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз ҳизбҳои умда ва пурнуфузи кишвар маҳсуб гардида, ба иддаои масъулонаш, дар саросари вилояти Хатлон беш аз 15 ҳазор узв дорад, ки 40 дарсади онҳо ҷавон будаанд.
XS
SM
MD
LG