Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, бамгузори Домодедово шиносоӣ шудааст


Александр Бортников-раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, чанд нафар ба гумони ҳамдастӣ дар инфиҷори 24-ӯми январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав боздошт шудаанд. Бортников зимни сууханони худ аз телевизион гуфт, ононе, ки боздошт шудаанд, дар бораи омилини ин инфиҷор хабар доранд ва тарроҳони ин амалро мешиносанд. Ба гуфтаи Бортников, "мақомот медонанд, ки созмондиҳандагони ин амали террористӣ чӣ касонанд". Дар инфиҷори 24-ӯми январ дар Домодедово 36 нафар кушта шуданд, ки 3 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Бозрасон гуфтаанд, ки ин инфиҷорро як марди 20-солаи қафқозӣ анҷом додааст. Вале то ҳол ин масъулиятро касе бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG