Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ҷазо барои фурӯши замини обӣ


Муомилаҳои ғайриқонунӣ бо замин раисҷумҳури Тоҷикистонро ба тағйири қонуни кайфарӣ водор кард.

Хариду фурӯши замин ба як манбаи даромад табдил ёфта, аксари муомилаҳои марбут ба он ношаффоф ҷараён гирифтаанд. Бештари коршиносон бовар доранд, ки пешниҳоди ташдиди ҷазо барои ин ба масъулон ва мақомоти ҳокимият дар маҳалҳо рабт мегирад ва мавридҳои ишғоли худсаронаи замин камшуморанд.

Дар тафсири ислоҳоти пешниҳодшуда аз сӯи раиси ҷумҳур низ бар ин нукта ишора шудааст, ки "солҳои охир дар ҷумҳурӣ додани ғайриқонунии қитъаҳои замин ба сарчашмаи даромади баъзе роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони алоҳида табдил ёфтааст."

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари мустақили тоҷик, мегӯяд ислоҳоти
Раҷаби Мирзо ба пурсишҳои Абдуқаюми Қаюмзод посух медиҳад.
пешниҳодкардаи раиси ҷумҳурӣ гувоҳи он аст, ки мақомот дар маҳалҳо ба ҳадде густох шудаанд, ки бар хилофи қонунҳои ҷории кишвар амал мекунанд. Аз сӯи дигар, меафзояд ҷаноби Мирзо, ин ислоҳот бар он ишора мекунад, ки "мақомоти марказӣ дар назорат ва идораи фаъолияти ҳокимият дар маҳалҳо дучори заъф шудаанд."

Ахиран Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, низ эътироф кард, ки дар масъалаи хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ба манбаи даромади муфт ва сарчашмаи фасод табдил додани он масъулони навоҳии кишвар даст доранд.

Дар ҳоле ки замин дар Тоҷикистон моликияти мустасноии давлат ба ҳисоб рафта, фармону дастурҳои алоҳидаи сардори давлат дар бобати манъи сохтмони ҳар навъи иншоот ва махсусан манзил борҳо содир шудааст, оё сангинтар кардани ҷазо барои хариду фурӯши замин роҳи ҳалли масъала хоҳад буд?

Муҳаммадалӣ Ватанов
Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки ин пешниҳодҳо барои ҷилавгирӣ аз фурӯши ғайримуҷози замин мусоидат хоҳад кард. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод ба меъёр табдил шавад, мақомоти иҷроия дар маҳалҳо наметавонанд бо истифода аз найрангҳои ҳуқуқие чун тағйир додани категория ё навъи замин, яъне замини обиро ба лалмӣ, ба фурӯши замини обӣ даст зананд.

Аммо тарҳи ислоҳоти Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҳоле пешниҳод мешавад, ки то кунун ҳеҷ раиси ноҳия ва ё шаҳр дар Тоҷикистон, ки бидуни иҷоза ва мусоидати ӯ хариду фурӯши замин сурат намегирад ба ҷазо кашида нашудааст.
XS
SM
MD
LG