Иттиҳодияи мусулмонони Қазоқистон бо номае ба Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар муроҷеа кардааст ва аз вай хостааст, ки номи Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср аз номи донишгоҳи муштараки фарҳанги исломии Миср дар Алмаато ҳазф шавад. Ин донишгоҳ Нур-Муборак ном гирифтааст, яъне номи ду раиси ҷумҳурро дорад. Дар ин нома Кумитаи мусулмонони Қазоқистон барои ҳуқуқи башар низ имзо гузоштааст. Онҳо дар ин нома аз Нурсултон Назарбоев хостаанд, ки барои пешгирӣ аз шиддати вазъ дар Миср талош кунад.