Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борон нагузашта боз борон, борон...


Ба иттилоъи ҳавошиносон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрист, дар нимаи дуввуми рӯз борон меборад, аз 9 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар Хуҷанд ҳам фазоро абр фаро гирифтааст ва шом борон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво аз 13 то 16 дараҷа болои сифр қарор хоҳад дошт. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ фақат қарибиҳои шом борон меборад. Ҳаво аз 12 то 17 дараҷа гарм мешавад. Дар Хоруғ тамоми рӯз борон меборад, аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Садртарин мавзеъҳои Тоҷикистон Мурғоб ва дасти Аличури Бадахшон хоҳанд буд, дар ин мавзеъҳо барф меборад, ҳарорати то 11 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG