Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ раҳбари худкомаи дар вартаи хатар


Маҷаллаи “Time” раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар байни “10 раҳбари худкомаи дар вазъи мушкил” ҷой дод.

Ин даҳгона ҳамчунин раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак, раҳбарони Алҷазоир – Абдулазиз Бутафлиқа, Эрон – Маҳмуди Аҳмадинажод, Судон – Умар ал-Башир, Беларус – Аляксандр Лукашенка, Яман –Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, Зимбабве –Роберт Мугабе, Кореяи Шимолӣ - Ким Чен Ир ва хонаводаи подшоҳии Арабистони Саудиро дар бар мегирад.

Маҷаллаи амрикоии “Time” менависад, ин феҳрасти раҳбарони як замон нирӯмандест, ки акнун назар ба қабл заифтар шудаанд.

Ба навиштаи маҷалла, Эмомалӣ Раҳмон, низоми худкомаашро ҳамчун василаи муқобила бо таҳдиди тундравони ифротгаро тавҷеҳ карда, ба сурати умум, ба Тоҷикистон ҳамчун ба мулки худ раҳбарӣ мекунад. Ба бовари муаллифи “Time”, ҳукумати Раҳмон метавонад побарҷо бимонад, вале абрҳои сиёҳ болои сарнавишти Тоҷикистони ӯ соя андохтаанд.

Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров муовини раиси маркази мутолеоти стратегӢ, ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар вокуниш ба ин назари маҷалаи амрикоӢ рози нест ва мегӯяд иддаоҳои маҷалла на асосӣ илми доранд ва на сиёсӣ.

Ба таъкиди ҷаноби Сафаров режимҳои Маҳмуди Аҳмадинажод, Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон устуворанд ва мардуми кишварҳояшон низ дар фазои орому осуда ба сар мебаранд.

Ба ин далел ҷаноби Сафаров мегӯяд, ки раисони ҷумҳури Эрон, Белорус ва Тоҷикистонро дар радифи дигар кишварҳо қарор гузоштан дур аз ҳақиқат аст.

Он чӣ мояи тааҷуби Сафаров шудааст, ин аст ки чаро кишварҳое бо режимҳои бештару сахттар авторитарӣ ва ҳатто тоталитарӣ дар ин рӯйхат шомил нашуданд аммо маҳз раисони ҷумҳури Эрон , Белорус ва Тоҷикистон вориди ин раддабандӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG