Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоияти Медведев ба таҳқиқи қазияи Ходорковский


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев розӣ шуд, то як гурӯҳи ҳуқуқдонҳо парвандаи сармоядори зиндонӣ Михаил Ходорковскийро биомӯзад. Михаил Федотов, мушовири аршади Кремл дар масоили ҳуқуқи башар, гуфт, ин пешниҳод дирӯз дар як ҷаласаи пушти дарҳои бастаи Шӯрои ҳуқуқи башар ба Медведев ироа шуд. Федотов гуфт, ин гурӯҳ ҳукми Ходорковскийро ба чолиш нахоҳад кашид, вале мушкилоти усулии марбут ба чунин қазияҳоро боз хоҳад кард.
Вакили мудофеъи Ходорковский аз ин пешниҳод истиқбол кард, вале гуфт, ба иҷро шуданаш шакк дорад. Ходорковский, ки аз соли 2003 дар маҳбас қарор дорад, дар моҳи декабр бо ҷурми сирқати нафт ва шустушӯи пул боз ба 6 соли бештари зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG