Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров таҳримоти нав алайҳи Минскро "сиёсӣ" номид


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров саркӯбии мухолифин дар пайи эълони пирӯзии дигарбораи Аляксандр Лукашенка дар интихоботи моҳи декабри раёсатҷумҳурии Беларусро “ғайриқобилиқабул” номид, вале афзуд, таҳримоти нави Ғарб алайҳи Минск “ғаразҳои сиёсӣ” дорад. Лавров, ки дар пайи мулоқот бо Аудронис Азубалис, вазири хориҷаи Литва – раиси давраии САҲА сӯҳбат мекард, гуфт, роҳи муколама назар ба дар инзивоъ қарордодани Беларус хеле муассиртар буд: “Ҳалли ин масоил тавассути таҳримоти якҷониба, ки ғаразҳои сиёсӣ ва бад шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии Беларусро ба ҳадаф дорад, ба назари ман, роҳи дурусте нест.”
Дар ин ҳафта ИА ва Амрико алайҳи Лукашенка ва беш аз 150 мақоми дигари Беларус таҳримоти ҷадид ҷорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG